ҲХДТ номзадии узви раиси ноҳияи Рашт таъиншудаашро бозпас гирифт

Рӯйхати ҳизбии санаи 13-уми декабри соли гузашта аз ҷониби Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон пешниҳодшудаи номзадҳо ба вакилӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ каме ихтисор шуд. Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҲХДТ номзадии Қаноатшо Лоиқовро, ки дар рӯйхат таҳти рақами 18 қарор дошт, бозпас хондааст. «Санаи 2-юми январ […]

Аваз Юлдошев



Рӯйхати ҳизбии санаи 13-уми декабри соли гузашта аз ҷониби Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон пешниҳодшудаи номзадҳо ба вакилӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ каме ихтисор шуд.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҲХДТ номзадии Қаноатшо Лоиқовро, ки дар рӯйхат таҳти рақами 18 қарор дошт, бозпас хондааст.

«Санаи 2-юми январ Қаноатшо Лоиқов бо фармони президенти Тоҷикистон раиси ноҳияи Рашт таъин карда шуд ва мутобиқи меъёри қонунгузорӣ, як шахс дар як вақт наметавонад ҳам мансаби давлатӣ ва ҳам курсии парлумонро ишғол намояд. Аз ин рӯ, ҲХДТ номзадии ӯро бозпас гирифт», – иброз дошт А.Додозода.

Ёдрас мекунем, ки дар 

анҷумани пешазинтихоботии ҲХДТ

 бо иштироки пешвои ҳизб, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 28 нафар номзадҳо ба вакилӣ тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешбарӣ шуданд. Номзади ҷавонтарини ҳизб, корманди дастгоҳи иҷроияи президент Юсуф Маҷидӣ 26 сол дошта, дар садри рӯйхат ёвари президент оид ба сиёсати кадрҳо Абдуҷаббори Азиз қарор гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.