Дархости Тоҷикистон аз Туркия оид ба истирдоди Қувватов



Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири корҳо



м


и дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода изҳор кард, ки Тоҷикистон ҷиҳати истирдоди Қувватов аз Туркия ба унвони ҳукуматдорони ин кишвар дархост ирсол намуд.

Вазири корҳои дохилӣ дар ин робита қайд кард, ки Қувватов, ки нимаи моҳи декабри соли гузашта барои риоя накардани

му


қаррароти

 будубош дар ин кишвар боздошт шуда буд, дар Тоҷикистон ба содир намудани як қатор ҷиноятҳои вазнини иқтисодӣ ва кӯшиши ташкили бетартибиҳои оммавӣ дар кишвар гумонбар дониста мешавад.

Рамазон Раҳимзода зикр кард, ки аз замони

ифротгаро эълон шудани «Гурӯҳи 24» дар Тоҷикистон

, дар ҷумҳурӣ се нафар ҷонибдорони он боздошт шудаанд. «Ғайр аз ин, 8 нафар тарафдорони ин гурӯҳ бо дархости ҳукумати Тоҷикистон дар қаламрави Русия боздошт шуда, истирдод ба ватанро интизоранд», – гуфт вазир.

Ёдрас мекунем, ки 9-уми октябри соли 2014 Суди олии Тоҷикистон

аризаи Прокуратураи генералии ҷумҳуриро

қонеъ намуда, ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24»-ро, ки созмониҳандааш шаҳрванди Тоҷикистон Умаралӣ Қувватов аст, ифротгаро эълон карда, фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард.

Тобистони соли 2012 Умаралӣ Қувватов баъди маҷбуран тарк кардани Тоҷикистон, ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24»-ро таъсис дод. Ӯ чандин маротиба дар ВАО ҳукуматдорони Тоҷикистонро мавриди интиқоди шадид қарор додааст.

Умаралӣ Қувватов

рӯзи 19-уми декабри соли гузашта

дар шаҳри Истамбули Туркия боздошт шуда буд.

spot_imgspot_img

Популярное