Дархости Тоҷикистон аз Туркия оид ба истирдоди Қувватов

Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири корҳо м и дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода изҳор кард, ки Тоҷикистон ҷиҳати истирдоди Қувватов аз Туркия ба унвони ҳукуматдорони ин кишвар дархост ирсол намуд. Вазири корҳои дохилӣ дар ин робита қайд кард, ки Қувватов, ки нимаи моҳи декабри соли гузашта барои риоя накардани му қаррароти  будубош дар ин кишвар боздошт […]

Аваз Юлдошев



Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири корҳо



м


и дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода изҳор кард, ки Тоҷикистон ҷиҳати истирдоди Қувватов аз Туркия ба унвони ҳукуматдорони ин кишвар дархост ирсол намуд.

Вазири корҳои дохилӣ дар ин робита қайд кард, ки Қувватов, ки нимаи моҳи декабри соли гузашта барои риоя накардани

му


қаррароти

 будубош дар ин кишвар боздошт шуда буд, дар Тоҷикистон ба содир намудани як қатор ҷиноятҳои вазнини иқтисодӣ ва кӯшиши ташкили бетартибиҳои оммавӣ дар кишвар гумонбар дониста мешавад.

Рамазон Раҳимзода зикр кард, ки аз замони

ифротгаро эълон шудани «Гурӯҳи 24» дар Тоҷикистон

, дар ҷумҳурӣ се нафар ҷонибдорони он боздошт шудаанд. «Ғайр аз ин, 8 нафар тарафдорони ин гурӯҳ бо дархости ҳукумати Тоҷикистон дар қаламрави Русия боздошт шуда, истирдод ба ватанро интизоранд», – гуфт вазир.

Ёдрас мекунем, ки 9-уми октябри соли 2014 Суди олии Тоҷикистон

аризаи Прокуратураи генералии ҷумҳуриро

қонеъ намуда, ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24»-ро, ки созмониҳандааш шаҳрванди Тоҷикистон Умаралӣ Қувватов аст, ифротгаро эълон карда, фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард.

Тобистони соли 2012 Умаралӣ Қувватов баъди маҷбуран тарк кардани Тоҷикистон, ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24»-ро таъсис дод. Ӯ чандин маротиба дар ВАО ҳукуматдорони Тоҷикистонро мавриди интиқоди шадид қарор додааст.

Умаралӣ Қувватов

рӯзи 19-уми декабри соли гузашта

дар шаҳри Истамбули Туркия боздошт шуда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.