ҲНИТ 10 нафар занонро номзад ба вакилӣ пешбарӣ кард

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пешбарии номзадҳо ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумони кишварро ба итмом расонид. Бино ба иттилои сухангӯи ҲНИТ Маҳмудҷон Файзраҳмон, тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ – 27 нафар ва аз ҳавзаҳои якмандатӣ – 22 нафар аъзои ҳизб номзад пешбарӣ шудаанд, ки 10 нафарашон занон мебошанд. «Синни аксари номзадҳои ҳизб аз […]

Аваз Юлдошев



Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пешбарии номзадҳо ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумони кишварро ба итмом расонид.

Бино ба иттилои сухангӯи ҲНИТ Маҳмудҷон Файзраҳмон, тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ – 27 нафар ва аз ҳавзаҳои якмандатӣ – 22 нафар аъзои ҳизб номзад пешбарӣ шудаанд, ки 10 нафарашон занон мебошанд.

«Синни аксари номзадҳои ҳизб аз 50 поён мебошад. Аз ҷумла, 9 нафар номзадҳо камтар аз 40 сол доранд ва 17 нафар аз 40 то 50 сола, 22 нафар аз 50 то 60 сола ва танҳо 2 нафар болотар аз 60 сола мебошанд», – омадааст дар маълумоти сомонаи расмии ҳизб.

Гуфта мешавад, дар миқёси ҷумҳурӣ 2648 қитъаҳои интихоботӣ таъсис шудааст ва ҲНИТ дар назар дорад ба 1381 қитъа нозир ва ба 1245 қитъа аъзо пешниҳод намояд.

Зимнан зикр мегардад, ки барои иштироки босамар дар интихобот ҳизб ситодҳо ташкил намуда, дар ин ситодҳо 596 нафар, аз ҷумла, 536 нафар дар ситодҳои минтақавӣ ва 60 нафар дар ситоди марказӣ кору фаъолият доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.