Баҳри беҳбуди ҳолати роҳҳо дар Суғд 91 млн. сомонӣ ҷудо мешавад

Зимни нишасти хабарӣ дар Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд бо иштироки 60 нафар намояндагони васоити ахбори умум раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ изҳор намуд, ки соли 2014 нақшаи даромадҳои умумии буҷети давлатӣ (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 103,1  фоиз таъмин гардида, ба буҷет зиёда аз  1 млрд. 144 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат […]

ASIA-Plus



Зимни нишасти хабарӣ дар Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд бо иштироки 60 нафар намояндагони васоити ахбори умум раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ изҳор намуд, ки соли 2014 нақшаи даромадҳои умумии буҷети давлатӣ (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 103,1  фоиз таъмин гардида, ба буҷет зиёда аз  1 млрд. 144 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба соли 2013 ба миқдори 181,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Бино ба иттилои хадамоти матбути раиси вилоят, ӯ зикр кард, ки нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии вилоят низ барзиёд ба андозаи 102,8 фоиз таъмин гардида, воридоти он 1073,0 млн. сомониро ташкил дод, ки аз нақша 29,6  млн. сомонӣ  ва нисбат ба  соли 2013 – 162,5 млн. сомонӣ зиёд аст.

Абдураҳмон Қодирӣ зикр кард, ки соли равон дар соҳаи кишоварзӣ аз 2991 адад хоҷагиҳои калонҳаҷм 2968 адад мавриди азнавташкилдиҳӣ қарор дода шуда, дар заминаи онҳо 37090 адад хоҷагиҳои деҳқонии нав таъсис дода шуд. Аз миқдори умумии хоҷагиҳои навташкил 30399 адад бо Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин таъмин гардиданд. Зимнан, таъкид шуд, ки ба ҳолати 1 январи соли 2015 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи 5687,3 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки дар муқоиса нисбат ба соли 2013 – 103,4 фоизро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти раиси вилоят, барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар соли 2015 низ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шуда, теъдоди марказҳои омӯзишӣ аз 40 адади мавҷуда то ба 150 адад расонида мешавад.

А.Қодирӣ ҳамчунин қайд кард, ки дар самти ободонии роҳҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 2826,4 км роҳҳои автомобилгард таъмиру тармим карда шуданд, ки 120,2 фоизи нақша ва 191,9 фоизи сатҳи соли 2013-ро ташкил медиҳад. «Дар соли 2015 беҳсозии ҳолати 3119 километр роҳҳо дар назар гирифта шуда, барои ин кор аз ҳамаи сарчашмаҳо 91 миллион сомонӣ масраф хоҳад шуд», – гуфт раиси вилоят.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.