Вазорати кишоварзӣ харгӯшпарвариро ривоҷ доданист

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон Барномаи рушди харгӯшпарварӣ дар ҷумҳуриро таҳия намуд. Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, ин барномаи бо вазорату идораҳои дахлдори кишвар мувофиқа шуда, ҷиҳати баррасӣ ба ҳукумат ирсол шудааст. Дар Вазорат бар ин назаранд, ки қабули барномаи мазкур ба рушди соҳаи харгӯшпарварӣ дар кишвар такони ҷиддӣ мебахшад. Муовини вазири кишоварзии ҶТ Сиҷоуддин Исроилов […]

Пайрав Чоршанбиев



Вазорати кишоварзии Тоҷикистон Барномаи рушди харгӯшпарварӣ дар ҷумҳуриро таҳия намуд.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, ин барномаи бо вазорату идораҳои дахлдори кишвар мувофиқа шуда, ҷиҳати баррасӣ ба ҳукумат ирсол шудааст.

Дар Вазорат бар ин назаранд, ки қабули барномаи мазкур ба рушди соҳаи харгӯшпарварӣ дар кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.

Муовини вазири кишоварзии ҶТ Сиҷоуддин Исроилов гӯшти харгӯшро маҳсулоти пурарзиши парҳезӣ мешуморад. «Аммо барои мо пӯсти харгӯш бештар пуразиш аст, ки аз он метавон маҳсулоти гуногуни чарчинвориву (галантерея) пойафзоли сабук истеҳсол кард», – иброз дошт муовини вазири кишоварзӣ.

Номбурда ҳамчунин гуфт, Барномаи рушди харгӯшпарварӣ 18-умин барномаи соҳавист, ки аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ таҳия шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел ва гарду ғубор дар рӯзҳои 18-20-уми май ҳушдор додааст. Ин ниҳод дар хабарномае гуфт, дар...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.