Дар Сурияву Ироқ 200 нафар тоҷикистониён меҷанганд

Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба журналистон иттилоъ дод, ки соли гузашта нисбати 53 нафар тоҷикистониён ба гумони иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави кишварҳои хориҷӣ парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст, ки 12 нафар аз онҳо дар Ироқу Сурия ҷангидаанд. Вазир таъкид дошт, ки се нафар шаҳрвандони кишвар аз ҷанги Сурия […]

Аваз Юлдошев



Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба журналистон иттилоъ дод, ки соли гузашта нисбати 53 нафар тоҷикистониён ба гумони иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави кишварҳои хориҷӣ парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст, ки 12 нафар аз онҳо дар Ироқу Сурия ҷангидаанд.

Вазир таъкид дошт, ки се нафар шаҳрвандони кишвар аз ҷанги Сурия ихтиёрӣ ба ватан баргашта, пас аз суҳбат бо кормандони сохторҳои дахлдор, ба озодӣ ҷавоб дода шуданд «Тибқи маълумоти ҳукумати Тоҷикистон, имрӯз дар даргириҳои Сурияву Ироқ ҳудуди 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур доранд», – гуфт Раҳимзода.

Дар посух ба саволҳои журналистон вазири корҳои дохилӣ изҳор намуд, ки нисбати хешону наздикони ин афрод ҳеҷ чорае андешида нашудааст. «Мо аз онҳо хоҳиш мекунем, ки ба мо кумак расонида, ба бозгашти онҳр ба ватан мусоидат намоянд», – иброз дошт вазир.

Номбурда ваъда дод, ки мутобиқи қонунгузории кишвар, тоҷикистониёне, ки аз амалиёти ҷангӣ дар қаламрави кишварҳои дигар ихтиёрӣ ба ватан бармегарданд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мегарданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.