Раҳимзода оид ба таҷаммӯъи ҷангиён дар минтақаҳои наздимарзии Афғонистон

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода  зимни вохӯрии имрӯза бо журналистон маълумот оид ба таҷаммӯъи ҷангиён дар минтақаи наздимарзии Афғонистон бо кишвари моро тасдиқ кард. Ӯ қайд кард, ки дар ин робита Тоҷикистон ба тадбирҳои ҳимояти марз бо Афғонистон, ки масофааш ҳудуди 1 ҳазору 400 километрро ташкил медиҳад, тақвият мебахшад. Дар ҳамин ҳол, вазири корҳои […]

Аваз Юлдошев



Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода  зимни вохӯрии имрӯза бо журналистон маълумот оид ба таҷаммӯъи ҷангиён дар минтақаи наздимарзии Афғонистон бо кишвари моро тасдиқ кард.

Ӯ қайд кард, ки дар ин робита Тоҷикистон ба тадбирҳои ҳимояти марз бо Афғонистон, ки масофааш ҳудуди 1 ҳазору 400 километрро ташкил медиҳад, тақвият мебахшад.

Дар ҳамин ҳол, вазири корҳои дохилӣ таъкид дошт, ки ҷангиёни дар қаламрави наздимарзии Афғонистон қарордошта ба гурӯҳҳои гуногун, аз ҷумла ҳаракати «Толибон» ва Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (Туркистон) мансубанд.

«Ба ҷуз сохторҳои қудратӣ, мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ низ ба реҷаи пурзӯри адои хизмат гузаронида шудаанд», – иброз дошт вазир.

Ба гуфтаи ӯ, сохторҳои дахлдори Тоҷикистон бо мақомоти қудратӣ ва таъмини тартиботи Афғонистон мудом дар тамосанд.

«Тибқи қарордоди қаблан ҳосилшуда, ояндаи наздик дар Афғонистон намояндагии ВКД Тоҷикистон боз мегардад, ки ба ҳамоҳанг сохтани кӯшишҳои мақомоти умури дохилии ҳарду кишвар дар самти мубориза бо ҷинояткории муташаккил, ифротгароӣ, терроризм ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мусоидат менамояд», – изҳор дошт Раҳимзода.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.