Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба Русия раҳсипор шуд

Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони зери 21-солаи Тоҷикистон, таҳти роҳбарии сармураббӣ Алишер Тухтаев, бегоҳи рӯзи 15-уми январ ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Иттиҳод-2015», ки аз 16 то 25 январ баргузор мегардад,  ба Санкт-Петербурги Русия сафар кард. Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии аввалии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар «Ҷоми Иттиҳод-2015» рӯзи шанбеи 17 […]

ASIA-Plus



Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони зери 21-солаи Тоҷикистон, таҳти роҳбарии сармураббӣ Алишер Тухтаев, бегоҳи рӯзи 15-уми январ ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Иттиҳод-2015», ки аз 16 то 25 январ баргузор мегардад,  ба Санкт-Петербурги Русия сафар кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии аввалии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар «Ҷоми Иттиҳод-2015» рӯзи шанбеи 17 январ бо мунтахаби ҷавонони Қазоқистон баргузор мешавад. Ин бозӣ соати 14.15 дақиқа бо вақти маҳаллӣ (16.15 бо вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Рӯзи дигараш, яъне 18 январ, шогирдони Алишер Тухтаев бо ҳамсолони худ аз Африқои ҷанубӣ рақобат мекунанд. Оғози бозӣ соати 18.30 дақиқа бо вақти Душанбе. Бозии охирини марҳилаи гурӯҳии худро, мунтахаби ҷавонони мо, рӯзи 20 январ бо мунтахаби ҷавонони Литва мегузаронад.

Гуфта мешавад, дар марҳилаи аввалӣ 12 дастаи иштирокчӣ ба се гурӯҳи чор дастагӣ тақсим карда шуданд. Сабқати марҳилаи аввал аз рӯи системаи даврӣ гузаронида мешавад, ки дар он ҳар як даста бо дастаҳои гурӯҳи худ, як бозигӣ мекунад.

Дастаҳои дар гурӯҳҳо ҷойҳои аввалу дуюмро ишғолкарда ва ду дастаи ҷойҳои сеюми нишондиҳандаҳояшон авлотар, барои ҷойҳои аз 1 то 8, аз рӯи системаи «плей-офф» бозӣ мекунанд.

Се дастаи дар гурӯҳҳо ҷойҳои охирро ишғолкарда ва як дастаи ҷои сеюми нишондиҳандаҳояш пасти марҳилаи гурӯҳӣ, барои ҷойҳои 9-12 низ, аз рӯи системаи «плей-офф» рақобат мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.