Боздиди дипломатҳои Ҷопон ва Ҷумҳурии Корея аз ВКХ Тоҷикистон

Рӯзи 15 январи соли 2015 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии и Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо кордори сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон Такаши Камада баргузор гашт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар ҷараёни сӯҳбат масоили густариши муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории судманд дар арсаи минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Гуфта мешавад, ҳамин рӯз ҳамчунин мулоқоти […]

ASIA-Plus



Рӯзи 15 январи соли 2015 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии и Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо кордори сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон Такаши Камада баргузор гашт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар ҷараёни сӯҳбат масоили густариши муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории судманд дар арсаи минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, ҳамин рӯз ҳамчунин мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо кордори Сафорати Ҷумҳурии Корея  дар Тоҷикистон Ён Ҷон Ку доир гардид.

Зикр мегардад, ки зимни вохӯрӣ масоили рушди муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, атрофи омодагии ҷонибҳо ба чорабиниҳои муҳимми байналмилалӣ – Форуми ҳафтуми ҷаҳонӣ, ки моҳи апрел дар ш. Тегуи Корея баргузор мегардад ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба арзёбии дастовардҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, ки онро дар моҳи июни соли ҷорӣ Душанбе мизбонӣ мекунад, табодули назар сурат гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.