Иҷораи беш аз 6,3 ҳазор га заминҳои корами Тоҷикистон аз ҷониби чиниҳо

Имрӯз зиёда аз 6,3 ҳазор гектар заминҳои корами Тоҷикистон аз ҷониби сармоягузорони Чин коркард мешавад. Муовини вазири кишоварзии ҶТ Сиҷоуддин Исроилов зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон ширкати чинии «Сзинян Инхай Хуантфантсюй» дар ноҳияи Данғара 6 ҳазор гектар заминро ба иҷора гирифта, ҳамчунин 300 гектар заминҳо дар ноҳияи Ёвон ва […]

Пайрав Чоршанбиев



Имрӯз зиёда аз 6,3 ҳазор гектар заминҳои корами Тоҷикистон аз ҷониби сармоягузорони Чин коркард мешавад.

Муовини вазири кишоварзии ҶТ Сиҷоуддин Исроилов зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон ширкати чинии «Сзинян Инхай Хуантфантсюй» дар ноҳияи Данғара 6 ҳазор гектар заминро ба иҷора гирифта, ҳамчунин 300 гектар заминҳо дар ноҳияи Ёвон ва 46 гектар замин дар наздикии шаҳри Ваҳдат низ дар иҷораи сармоягузорони Чин қарор доранд.

Ба қавли Исроилов, фермерони Чин дар ин заминҳо зироати ғалладона ва пунбадона кишт мекунанд ва ба коркарди заминҳо таҳти раҳбарии мутахассисони Чин деҳқонони маҳаллӣ машғуланд.

Муовини вазири кишоварзӣ қайд кард, ки бо сармоягузорони Чин тавофуқ ҳосил шудааст, ки тамоми марҳилаи коркард то ҳосил шудани маҳсулот дар қаламрави Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Исроилов таъкид дошт, ки соли гузашта зиёда аз 33,5 ҳазор заминҳои корам дар Тоҷикистон аз гардиши кишоварзӣ берун монда, сабаби асосии он ғайриқаноатбахш роҳандозӣ шудани корҳои хоҷагидорӣ дар онҳо аст.

Тибқи маълумоти гуногун, 93%-и қаламрави Тоҷикистон аз кӯҳҳо иборат буда, масоҳати умумии заминҳои корам дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ ҳудуди 865 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.