Интиқоли 862 ҷасади тоҷикистониён аз Русия дар соли 2014

– Соли 2014 аз Русия ба Тоҷикистон 862 тобут («Груз-200») бо ҷасадҳои тоҷикистониён оварда шуд, ки дар муқоиса бо соли 2013 (1 ҳазору 6 тобут) 14% камтар аст, – иброз дошт зимни нишасти хабарӣ вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Сумангул Тағойзода. Бино ба маълумоти вазир, ин шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо сабабҳои гуногун, аз қабили […]

Мавзуна Абдуллоева


– Соли 2014 аз Русия ба Тоҷикистон 862 тобут («Груз-200») бо ҷасадҳои тоҷикистониён оварда шуд, ки дар муқоиса бо соли 2013 (1 ҳазору 6 тобут) 14% камтар аст, – иброз дошт зимни нишасти хабарӣ вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Сумангул Тағойзода.

Бино ба маълумоти вазир, ин шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо сабабҳои гуногун, аз қабили кушта шудан, ҳодисаҳои нохуш ва бемориҳо ба ҳалокат расидаанд.

Ба гуфтаи вазир, тибқи маълумот оид ба вуруд ва хурӯҷи шаҳрвандон тариқи марзи давлатӣ, соли гузшта 834 ҳазору 58 нафар ба хориҷи ҷумҳурӣ сафар кардаанд, ки 670 ҳазору 806 нафарашон муҳоҷирони корӣ мебошанд (564 ҳазору 390 нафар мардон ва 106 ҳазору 416 нафар занон).

«Русияро – 660 ҳазору 947 нафар, Қазоқистонро – 7 ҳазору 429 нафар, Қирғизистонро – 1 ҳазору 301 нафар ва дигар кишварҳои хориҷи дуру наздикро ҳудуди 1 ҳазору 800 нафар макони муҳоҷират ихтиёр кардаанд», – гуфт Сумангул Тағойзода.

Зимнан зикр гардид, ки дар ин давра 606 ҳазору 527 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан баргаштаанд, ки 453 ҳазору 985 нафарашонро муҳоҷирони корӣ ташкил медиҳанд. «Соли гузашта барои қонуншиканиҳои гуногун 1 ҳазору 794 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия хориҷ карда шуданд», – афзуд вазир.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.