БОР ҳаҷми кумак ба Тоҷикистонро то 79 млн. $ зиёд мекунад

– Соли 2015 Бонки осиёгии рушд (БОР) ҳаҷми кумак ба Тоҷикистонро тақрибан ба маблағи 20 млн. доллари ИМА зиёд карда, сатҳи кумаки солонаи тарҳрезишударо то 79 млн. доллари ИМА меафзояд, – хабар медиҳад хадамоти матбуоти БОР. «Аз рӯйи натиҷаҳои арзёбии дастовардҳои миллии доиргардида, БОР ҳаҷми солонаи воситаҳои ҷудомешуда ба Тоҷикистонро тақрибан ба маблағи 20 млн. […]

Пайрав Чоршанбиев



– Соли 2015 Бонки осиёгии рушд (БОР) ҳаҷми кумак ба Тоҷикистонро тақрибан ба маблағи 20 млн. доллари ИМА зиёд карда, сатҳи кумаки солонаи тарҳрезишударо то 79 млн. доллари ИМА меафзояд, – хабар медиҳад хадамоти матбуоти БОР.

«Аз рӯйи натиҷаҳои арзёбии дастовардҳои миллии доиргардида, БОР ҳаҷми солонаи воситаҳои ҷудомешуда ба Тоҷикистонро тақрибан ба маблағи 20 млн. доллари ИМА зиёд мекунад, аммо рақами ниҳоӣ вобаста ба натиҷаҳои гуфтушунид бо ҳукумат ва мавҷуд будани воситаҳои молиявӣ, метавонад тағйир дода шавад», – қайд кардааст намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Си. Си. Ю.

Гуфта мешавад, воситаҳои барномаи соли 2015 ба дастгирии рушди бахши хусусӣ, роҳҳои оҳан ва захираҳои обӣ ва ҳамчунин беҳбуди муҳити сармоягузорӣ равона мегардад.

Дар маълумоти бонк зикр мегардад, ки аз 79 млн. доллари ИМА-и пешбинишуда 20 млн. доллари ИМА барои баланд бардоштани сифат ва самаранокии маълумоти касбӣ-техникӣ дар кишвар истифода бурда мешаванд.

«Боз 20 млн. доллари ИМА барои дастгирии барномаи буҷетӣ, ки дар доираи он як қатор ислоҳоти равонашуда баҳри беҳбуди муҳити сармоягузорӣ барои пешбурди сармоягузориҳои хусусӣ ва фароҳам сохтани ҷойҳои корӣ дар ҷумҳурӣ дастгирӣ мешаванд, пешбинӣ шудааст. Бо назардошти коҳиши имконпазири ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз ҷониби муҳоҷирони корӣ бар асари беқурбшавии бесобиқаи рубли русӣ, ин кумак хеле муҳим аст», – баён мегардад дар хабари бонк.

Зимнан зикр мегардад, ки БОР ҳамчунин барои беҳбуди сатҳи идоракунии захираҳои обӣ ва  беҳтар намудани шароити мутобиқат ба тағйирёбии иқлим дар минтақаи обёрии Чӯбек, ки ба афзоиши даромади фермерҳо мусоидат карда метавонад, дар ҳаҷми 30 млн. доллари ИМА лоиҳа таҳия мекунад. «Боз 9 млн. доллари ИМА-ро бонк барои таҳияи лоиҳа оид ба роҳҳои оҳан пешбинӣ кардааст», – илова мешавад дар иттилои БОР.

Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистон соли 1998 ба узвияти Бонки осиёгии рушд пазируфта шуда, то имрӯз БОР барои Тоҷикистон кумакҳо дар ҳаҷми ҳудуди 1,3 млрд. доллари ИМА ба сифати қарзҳои имтиёзноку бурсҳо ва ёрии техникиро маъқул шуморидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.