Суди олии иқтисодӣ операторони мобилиро дастгирӣ кард

Аризаҳои даъвогии ширкатҳои мобилӣ нисбати Кумитаи андози Тоҷикистонро қаблан Суди иқтисодии шаҳри Душанбе қонеъ кард. Аз Суди олии иқтисодии ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ширкатҳои хизматгузор ба алоқаи мобилии «ТТ-мобайл» (бренди «Мегафон») ва «Таком (бренди «Билайн») бо аризаи даъвогӣ оид ба беэътибор донистани санадҳои санҷиши муфассал (камералӣ)-ии мақомоти андоз муроҷиат кардаанд. […]

ASIA-Plus



Аризаҳои даъвогии ширкатҳои мобилӣ нисбати Кумитаи андози Тоҷикистонро қаблан Суди иқтисодии шаҳри Душанбе қонеъ кард.

Аз Суди олии иқтисодии ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ширкатҳои хизматгузор ба алоқаи мобилии «ТТ-мобайл» (бренди «Мегафон») ва «Таком (бренди «Билайн») бо аризаи даъвогӣ оид ба беэътибор донистани санадҳои санҷиши муфассал (камералӣ)-ии мақомоти андоз муроҷиат кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аризаи даъвогии ширкати «Таком» оид ба санади санҷиши муфассал аз 8-уми майи соли 2014 барои давраи кори соли 2013 (қарз аз андоз дар ҳаҷми 16 млн. 488 ҳазору 459 сомонӣ)-ро қонеъ намуда, онро беэътибор донистааст. Дар қисмати ҷарима ба маблағи 4 млн. 880 ҳазору 406 сомонӣ аризаи даъвогӣ қонеъ нагардид.

«Кумитаи андоз ба ин қарори суд розӣ нашуда, бо шикояти таҷдиди назар (кассатсионӣ) ба Суди олии иқтисодӣ муроҷиат кард, амммо Суди олии иқтисодӣ бо қарори коллегияи судӣ ҳалномаи суди зинаи аввалро бетағйир боқӣ гузошта, мутаносибан шикояти Кумитаи андозро қонеъ накард», – гуфт манбаъ.

Ҳамчунин аризаи даъвогии ширкати «ТТ-мобайл» бобати қарзи умумӣ аз андоз (бо назардошти ҷарима ва фоизҳо) аз рӯи натиҷаҳои санҷиш дар соли 2013 дар ҳаҷми 74 млн. 789 ҳазор сомонӣ низ пурра қонеъ карда шуд.

Дар ҳамин ҳол, қаблан аз рӯи натиҷаҳои нимсолаи аввали соли 2014 раҳбарияти Кумитаи андози Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки қарзҳо аз андози ширкати Babilon-mobile низ ошкор карда шудааст. Ба гуфтаи роҳбари Кумитаи андоз Нусратулло Давлатов, маблағи умумии ин қарз 341 млн. сомониро ташкил додааст, аммо ӯ шарҳ дода буд, ки ин маблағ баҳснок аст, зеро ширкат қарзро эътироф накарда, пардохти онро рад кардааст.

«Қарзи асосӣ дар давраи аз соли 2011 пайдо шуда, зимни санҷишҳо маълум шуд, ки ширкат меъёрҳои қонунгузории зиддиинҳисориро риоя намекардааст ва ҳангоми хизматгузорӣ ба муштариён аз тарифҳое, ки бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ мувофиқа нашудаанд, истифода мекардааст. Ҳамаи ширкатҳои асосии бозор тарифҳоро бояд бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ мувофиқа созанд. Ширкат дидаву дониста, сатҳи даромадро аз будаш пасттар нишон медод», – гуфта буд ӯ.

Давлатов зикр кард, ки ширкат бо ин маблағи пешниҳодшуда розӣ набуда, тасмим гирифтааст, ки ба суд муроҷиат намояд ва ояндаи наздик ин масъала дар суд баррасӣ мешавад.

«Мо ба як қарор наомадем ва онҳо пардохти маблағро рад карданд. Мо ба вохӯрӣ ба онҳо дар суд омодаем. Ҳар қароре, ки суд содир мекунад, мо ба иҷрои он уҳдадорем. Шояд суд маблағи қарздориро кам кунад ё шояд онро тағйир надиҳад», – қайд кард роҳбари Кумитаи андоз.

Дар Суди олии иқтисодӣ аз пешниҳоди натиҷаҳои мурофиаҳои судӣ нисбати ширкати Babilon-mobile худдорӣ варзида, изҳор намуданд, ки ин мурофиаҳо ҳоло ба итмом нарасидаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.