Имзои созишнома дар бахши танзими муносибатҳои иҷтимоиву меҳнатӣ

Рӯзи 16-уми январ ҳукумати Тоҷикистон бо Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон  ва  Иттиҳодияи  корфармоёни Тоҷикистон созишномаи генералӣ оид ба ҳамкорӣ дар бахши муносибатҳои иҷтимоиву меҳнатиро ба имзо расонид. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, зери созишномаи мазкур нахуствазири кишвар  Қоҳир  Расулзода,  раиси  Федератсияи  иттифоқҳои  касабаи  мустақили ҶТ  Муродалӣ  Солеҳ ва раиси […]

Аваз Юлдошев



Рӯзи 16-уми январ ҳукумати Тоҷикистон бо Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон  ва  Иттиҳодияи  корфармоёни Тоҷикистон созишномаи генералӣ оид ба ҳамкорӣ дар бахши муносибатҳои иҷтимоиву меҳнатиро ба имзо расонид.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, зери созишномаи мазкур нахуствазири кишвар  Қоҳир  Расулзода,  раиси  Федератсияи  иттифоқҳои  касабаи  мустақили ҶТ  Муродалӣ  Солеҳ ва раиси Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон  Азизбек  Шарифов имзо гузоштанд.

Ба иттилои манбаъ, дар маросими имзои созишнома таъкид шуд, ки дар шароити иқтисоди бозаргонӣ яке аз шартҳои муҳими таъмини инсон бо кафолатҳои иҷтимоӣ ҳамкории ҳукумат бо иттифоқҳои касаба ва корфармоён аст.

Зимнан зикр гардид, ки дар маросими имзои созишномаи генералӣ аъзои комиссияи сеҷонибаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Тоҷикистон, ки аз шумораи баробари намояндагони се ҷониб иборат аст, ҳузур доштанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.