Раиси пойтахт муовинонашро назди мардум сафарбар кард



Рӯзи 19-уми январ раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев машварати навбатии кории мақомоти шаҳрдориро доир намуд, ки дар он масъалаҳои амалисозии барномаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ дар пойтахт дар соли ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, бо назардошти ҷалби имконоти сокинони шаҳр ба идоракунии соҳаҳо, сарфаи вақт ва пешгирӣ аз нуфузёбии тамоюлҳои бюрократӣ дар баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон, раиси пойтахт ба муовинони худ, раисони ноҳияҳо ва роҳбарони сохторҳо дастур дод, ки шурӯъ аз 20-уми январ ҳамарӯза аз соати 6-и субҳ то 12-и рӯз аз маҳаллаҳои шаҳр боздид намуда, бо аҳолӣ вохӯриҳо гузаронанд ва дар маҳалҳо барои рафъи мушкилоту норасоиҳо чораҷӯӣ намоянд.

Мувофиқи супориши раиси пойтахт, шурӯъ аз 20-уми январ баррасии ҳуҷҷатҳои истеҳсолию қабули шаҳрвандон дар дастгоҳҳои раиси шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ҳамарӯза  баъд аз соати 15 роҳандозӣ карда мешавад.

spot_imgspot_img

Популярное