Дар қасри фарҳанги шаҳри Хуҷанд бо иштироки раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини раиси вилояти Суғд Хайрулло Амонулло бахшида ба 70-солагии собиқадори меҳнат яке аз пешқадамони истеҳсолоти даврони шӯравӣ, ходими намоёни ҳизбӣ Мағфират Дадобоева ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар сомонаи расмии мақомоти шаҳрдории Хуҷанд дар ин робита зикр мегардад, ки Мағфират Дадобоева давоми фаъолияти зиёда аз 40 солаи худ дар комбинати шоҳибофии шаҳри Хучанд тавонист аз коргари оддӣ то ба дараҷаи намояндаи халқ дар мақоми қонунгузори Иттиҳоди Шӯравӣ (се карат вакили Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ), ходими ҳизбӣ, зани фаъол ва устоди чандин шахсони арзандаи диёр гардад. Соҳибҷашн баробари фаъолияти меҳнатӣ ва шахси ҷамъиятӣ будан, модари мушфики панҷ фарзанд аст. Ин ва дигар хислатҳои наҷиби соҳибҷашн, нақшу корнамоии ӯ дар истифодаи таҷрибаи пекадам, зиндагиномааш чун соҳибхоназан ва оиладорӣ дар суханони табрикии Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зикр гардид.
Гуфта мешавад, маҳз ба фаъолияти Махфират Дадобоева чун депутати Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ бунёди Қасри фарҳанги «Абрешимчӣ», ки имрӯз номи Қасри фарҳанги ба номи А. Рӯдакиро дорад, таъсиси филиали донишкадаи политехникӣ дар маркази вилоят иртибот дорад ва аз ҷумлаи амалҳоянд,ки номи соҳибҷашнро дар таърих сабт намудааст, қайд намуданд ҳамкорон ва ҳамсафони ин зани номдор.
Ҳамчунин дар назди ҳозирон доир ба ҳаёту фаъолияти Мағфират Дадобоева котиби якуми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Коммунисти вилояти Суғд Абдуҷаббор Ахмедов, собиқадори меҳнат Биҳоҷал Раҳимова, Мавҷуда Бобоева ва дигарон сухан гуфтанд.
Дар қисмати фарҳангӣ аз ҷониби ҳунармандон Саидқодир Ёқубов, Носирҷон Раҳимов таронаҳои дилангез иҷро гардида, дар интиҳо соҳибҷашн Мағфират Дадобоева ба давлату хукумат барои қадрдонӣ ва этибор изҳори сипосмандӣ намуд.



