Корманди фаврии ШВКД-2-и ноҳияи Синои Душанбе, капитани милиса Ҷамолиддин Одинаев ба гирифтани пора дар ҳаҷми 5,5 ҳазор доллари ИМА гумонбар дониста мешавад.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ, шаҳрвандон Ҷалилова Н.С. ва Ҷалиловыа С.С. ба Агентӣ бо ариза муроҷиат намуда, изҳор доштаанд, ки моҳи ноябри соли 2014 Ҷ.Одинаев ба боварии онҳо даромада, ба ивази маблағи муайян қатъ кардани парвандаи ҷиноӣ нисбати бародарашонро ваъда додааст.
Ба иттилои манбаъ, санаи 8-уми январ нисбати Ҷамолиддин Одинаев мутобиқи моддаи 247, қ. 4-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. «Худи корманди милиса ҳамон рӯз аз ҷониби кормандони Агентӣ ҳангоми гирифтани 5,5 ҳазор доллари ИМА маблағи пулӣ боздошт шуд», – иттилоъ медиҳад Агентӣ.
Гуфта мешавад, ҳамзамон, дар рафти кофтукови шахсии Ҷ.Одинаев аз кисаи рости шимаш як миқдор хокаи рангаш хокистаранги бӯи ғализдоштаи ба маводи нашъадор монанд дарёфт карда гирифта шудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки айни замон тафтишоти пешакӣ баҳри пурра ва объективона муайян намудани ҳамаи ҳолатҳои воқеъии ин ҷинояти коррупсионӣ бо парвандаи ҷиноятии мазкур идома дорад.



