ДИДҲБ: Дар маъракаи интихоботӣ бояд ҳама аҳзоб имконоти яксон дошта бошанд

Миклош Ҳарасти, раиси Миссияи Нозирони Интихоботи Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ДИДҲБ/САҲА) рӯзи 20-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе аз оғози кори миссия дар ҷараёни интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, ҳайати нозирон алҳол аз 14 нафар коршиносон иборат буда, шурӯъ аз 24-уми январи […]

Ҳумайро Бахтиёр



Миклош Ҳарасти, раиси


Миссияи Нозирони Интихоботи Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ДИДҲБ/САҲА) рӯзи 20-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе аз оғози кори миссия дар ҷараёни интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, ҳайати нозирон алҳол


аз 14 нафар коршиносон иборат буда, шурӯъ аз 24-уми январи соли 2015 дар саросари манотиқи  кишвар боз 16 нафар нозирони дарозмуддат дар тимҳои дунафара сафарбар карда мешаванд. «Иловатан, ДИДҲБ 150 нафар  нозирони кӯтоҳмуддатро барои назорати ҷараёни интихобот дар рӯзи интихобот дархост хоҳад кард», – иброз дошт вай.

Миклош Ҳарастӣ хотиррасон намуд, ки нозирон бақайдгирии номзадҳо ва овоздиҳандагон, маъракаҳои ташвиқотӣ, фаъолияти маъмурияти интихобот ва мақомоти дахлдори давлатӣ, қонунгузорӣ оиди интихобот ва амалигардонии он, муҳити воситаҳои ахбори омма ва ҳаллу фасли баҳсҳои марбут ба интихоботро аз наздик назорат  карда, ҳамчун ҷузъи назорат, миссия инчунин пахши маъракаҳои интихоботиро тавассути расонаҳои хабарӣ мониторинг мекунад. 

«Изҳороти хулосаҳои пешакӣ фардои рӯзи интихобот ба табъ мерасад. Гузориши ниҳоӣ оид ба назорати кулли ҷараёни интихобот тахминан ду моҳ пас аз анҷоми раванди интихобот нашр мешавад. Гурӯҳи мо аз кормандони ҳирфаӣ иборат буда, мо танҳо ба он манфиатдорем, ки ҷараёни интихобот шаффоф, мутобиқи меъёрҳои САҲА сурат гирад», – гуфт М.Ҳарасти.

Ба гуфтаи Миклош Ҳарасти, нозирон ҷараёни интихоботро тибқи нишондиҳандаҳои зерин арзёбӣ мекунанд: таъмини адолат ва шартҳои иштироки номзадҳо, муҳити кори расонаҳо ва имконоти ҳалли баҳсу муроҷиатҳо, иштироки намояндагони аққалиятҳои миллӣ дар ҷараёни интихобот. «Тамоми фаъолияти мо дар доираи санадҳои Копенгаген амалӣ хоҳад шуд, ки ин санадҳоро Тоҷикистон ҳанӯз соли 1990 ба имзо расонидааст», – таъкид дошт номбурда.

Ба саволи журналистон дар бораи таъмини шароити яксон барои номзадҳо ва иштироки ҳизби ҳукуматӣ дар интихобот, Миклош Ҳарасти зикр кард, ки ин ҷо ҳеҷ чизх ғайриоддие нест. «Мо ҷонибдори онем, ки ҳама имконоти яксон дошта бошанд. Ин қисмате аз кори миссияи мост», – афзуд намояндаи САҲА.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.