Боздошти капитани милиса дар пойтахт бо 5,5 ҳазор $ пора

Корманди фаврии ШВКД-2-и ноҳияи Синои Душанбе, капитани милиса Ҷамолиддин Одинаев ба гирифтани пора дар ҳаҷми 5,5 ҳазор доллари ИМА гумонбар дониста мешавад. Бино ба маълумоти маркази матбуоти Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ, шаҳрвандон Ҷалилова Н.С. ва Ҷалиловыа С.С. ба Агентӣ бо ариза муроҷиат намуда, изҳор доштаанд, ки моҳи ноябри соли 2014 Ҷ.Одинаев ба боварии онҳо даромада, ба […]

ASIA-Plus


Корманди фаврии ШВКД-2-и ноҳияи Синои Душанбе, капитани милиса Ҷамолиддин Одинаев ба гирифтани пора дар ҳаҷми 5,5 ҳазор доллари ИМА гумонбар дониста мешавад.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ, шаҳрвандон Ҷалилова Н.С. ва Ҷалиловыа С.С. ба Агентӣ бо ариза муроҷиат намуда, изҳор доштаанд, ки моҳи ноябри соли 2014 Ҷ.Одинаев ба боварии онҳо даромада, ба ивази маблағи муайян қатъ кардани парвандаи ҷиноӣ нисбати бародарашонро ваъда додааст.

Ба иттилои манбаъ, санаи 8-уми январ нисбати Ҷамолиддин Одинаев мутобиқи моддаи 247, қ. 4-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. «Худи корманди милиса ҳамон рӯз аз ҷониби кормандони Агентӣ ҳангоми гирифтани 5,5 ҳазор доллари ИМА маблағи пулӣ боздошт шуд», – иттилоъ медиҳад Агентӣ.

Гуфта мешавад, ҳамзамон, дар рафти кофтукови шахсии Ҷ.Одинаев аз кисаи рости шимаш як миқдор хокаи рангаш хокистаранги бӯи ғализдоштаи ба маводи нашъадор монанд дарёфт карда гирифта шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон тафтишоти пешакӣ баҳри пурра ва объективона муайян намудани ҳамаи ҳолатҳои воқеъии ин ҷинояти коррупсионӣ бо парвандаи ҷиноятии мазкур идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.