Идомаи коҳиши содироти нахи пахта аз Тоҷикистон дар соли 2014

Тамоили коҳиши содироти нахи пахта, ки яке аз маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, дар соли 2014 идома ёфт. Сардори Раёсати омори савдо ва хизматгузории Агентии омори назди президенти ҶТ Фирдавс Асматбеков ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки соли 2014 аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи умумии 132,1 млн. доллари ИМА 86,4 […]

Пайрав Чоршанбиев



Тамоили коҳиши содироти нахи пахта, ки яке аз маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, дар соли 2014 идома ёфт.

Сардори Раёсати омори савдо ва хизматгузории Агентии омори назди президенти ҶТ Фирдавс Асматбеков ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки соли 2014 аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи умумии 132,1 млн. доллари ИМА 86,4  ҳазор тонна нахи пахта содирот шудааст, ки нисбат ба соли 2013 аз рӯи арзиш 30,2% ва аз рӯи ҳаҷм 24,5% камтар аст.

«Соли 2013 Тоҷикистон дар маҷмӯъ 115 ҳазор тонна нахи пахтаро ба хориҷи кишвар содирот карда буд, ки маблағи умумиаш 190 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Соли 2012 ин нишондиҳандаҳо мутаносибан ба 144 ҳазор тонна ва маблағи умумиаш ба 224 млн. доллари ИМА баробар буданд», – хотиррасон намуд Асматбеков.

Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта нахи пахта аз Тоҷикистон асосан ба Туркия (40,7% аз ҳаҷми умумӣ), Эрон (21,4%), Русия (15,7%), Покистон (13,4%) ва дар ҳаҷми начандон зиёд ба Латвия, Чин, Аморати Муттаҳидаи Араб, Молдова, Белорус, Қазоқистон, Литва ва Арманистон интиқол дода шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, соли 2014 дар Тоҷикистон пунбадона дар майдони умумии ҳудуди 178 ҳазор гектар кишт шуда, дар маҷмӯъ наздики 373 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 5,1% камтар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.