Гурӯҳи таблиғотии ҲХДТ ба Русия раҳсипор мешавад

Гурӯҳи таблиғотии аз ҷониби ситоди марказии пешазинтихоботии ҲХДТ таъсисёфта ахири моҳи январ ҷиҳати баргузор намудани вохӯриҳо бо муҳоҷирони кории тоҷик ба Русия раҳсипор мегардад. Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ дар ин робита иттилоъ дод, ки гурӯҳи таблиғотии ҳизб аз 13 нафар фаъолони дорои таҷрибаи кор бо интихобкунандагон иборат аст. «Аъзои […]

ASIA-Plus



Гурӯҳи таблиғотии аз ҷониби ситоди марказии пешазинтихоботии ҲХДТ таъсисёфта ахири моҳи январ ҷиҳати баргузор намудани вохӯриҳо бо муҳоҷирони кории тоҷик ба Русия раҳсипор мегардад.

Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ дар ин робита иттилоъ дод, ки гурӯҳи таблиғотии ҳизб аз 13 нафар фаъолони дорои таҷрибаи кор бо интихобкунандагон иборат аст.

«Аъзои гурӯҳ муддати 10 рӯз аз шаҳрҳои бузурги Русия – Маскав, Санкт-Петербург, Уфа, Қазон, Екатеринбург, Новосибирск, Челябинск ва ғайра боздид намуда, бо муҳоҷирони кори тоҷик суҳбату вохӯриҳо доир менамоянд, ки  дар онҳо муҳтавои барномаи пешазхинтихоботии ҲХДТ-ро шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Қабла аз сафар ба Русия ба таблиғгарон аллакай муовини аввали раиси ҳизб Саидмурод Фаттоҳзода дастуру супоришҳо дод», – иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе низ ният дорад, ки то интихобот гурӯҳи таблиғотии худро ба Русия сафарбар созад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.