Соли 2015 ҳукумат мизони таваррумро дар сатҳи соли гузашта нигоҳ доштанист

– Соли 2015 ҳукумат мизони таваррум дар бахши истеъмолии кишварро дар сатҳи 7,5% нигоҳ доштанист, – иттилоъ дод зимни нишасти хабарии рӯзи 20-уми январ раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Абдуҷаббор Ширинов. Ба гуфтаи Ширинов, соли гузашта низ нигоҳ доштани мизони таврррум дар чунин сатҳ пешбинӣ шуда буд. «Аз рӯи натиҷаҳои соли 2014 сатҳи таваррум дар […]

Пайрав Чоршанбиев



– Соли 2015 ҳукумат мизони таваррум дар бахши истеъмолии кишварро дар сатҳи 7,5% нигоҳ доштанист, – иттилоъ дод зимни нишасти хабарии рӯзи 20-уми январ раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Абдуҷаббор Ширинов.

Ба гуфтаи Ширинов, соли гузашта низ нигоҳ доштани мизони таврррум дар чунин сатҳ пешбинӣ шуда буд. «Аз рӯи натиҷаҳои соли 2014 сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 7,4%-ро ташкил дод.

Раиси БМТ қайд кард, ки  дар соли 2014 меъёри таваррум 7,4 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли рекордии 2013 ба андозаи 3,7% зиёд мебошад.

«Нишондиҳандаи номбурда асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ – 9,7%, хизматрасонии пулакӣ – 2,9% ва маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ – 6,5%, ба миён омад», – гуфт раиси БМТ.

Зимнан зикр гардид, ки дар соли ҳисоботӣ сатҳи таварруми аслӣ (бе назардошти таъсири омилҳои беруна, мавсимӣ ва маъмурӣ) 2,9%-ро ташкил дод, ки дар муқоиса ба соли қаблӣ 1,6% зиёд мебошад.

Дар ҳамин ҳол, Бонки ҷаҳонӣ сатҳи таваррум дар Тоҷикистон дар соли гузаштаро – дар сатҳи 7% ва Хазинаи байнулмилалии асъор – дар сатҳи 6,6% пешгӯӣ карда буданд.

Ёдрас мекунем, ки сатҳи таварруми соли 2013 дар ҷумҳурӣ сабтшуда – 3,7% аз ҳама пасттарин дар замони истиқлолияти кишвар мебошад. То ин замон сатҳи нисбатан пасти таваррум соли 2012 ба қайд гирифта шуда буд, ки 6,4%-ро ташкил дода буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.