Ширкати «Фароз гази моеъро боз арзонтар мекунад

Ширкати «Фароз» яке аз воридкунандагони сӯзишвории нафтӣ ба ҳисоб рафта, нисбати  дигар  воридкунандагони сузишворӣ, маҳсулоти нафтиашро арзонтар ба фурӯш мебарорад. Тавре аз ширктаи мазкур хабар доданд, сабаб дар он аст, ки ширкат бо истеҳсолкунандагони сӯзишвории нафтии давлатҳои Қазоқистон, Туркманистон ва Русия шартномаҳои ҳамкории мутақобила дошта, ҳар лаҳза ҳангоми поён рафтани нархи сӯзишворӣ дар бозорӣ ҷаҳонӣ, […]

ASIA-Plus



Ширкати «Фароз» яке аз воридкунандагони сӯзишвории нафтӣ ба ҳисоб рафта, нисбати  дигар  воридкунандагони сузишворӣ, маҳсулоти нафтиашро арзонтар ба фурӯш мебарорад.

Тавре аз ширктаи мазкур хабар доданд, сабаб дар он аст, ки ширкат бо истеҳсолкунандагони сӯзишвории нафтии давлатҳои Қазоқистон, Туркманистон ва Русия шартномаҳои ҳамкории мутақобила дошта, ҳар лаҳза ҳангоми поён рафтани нархи сӯзишворӣ дар бозорӣ ҷаҳонӣ, метавонад бо арзиши пасттар сӯзишвориро дастрас намояд.

«Истеъмолкунандагони гази моеъ дар ҷумҳурӣ рӯз аз рӯз зиёд шуда истодаанд, инчунин вобаста ба талаботи аҳолӣ бо ин намуди сӯзишворӣ дар рӯзгор, ширкат тасмим гирифта буд, ки нархҳоро коҳиш диҳад ва қаблан 10 рӯз пеш яку якбора ширкати «Фароз» нархи чаканаи гази моеъро

аз 3 сомонию 20 дирам ба 2 сомонию 50 дирам

барои як литри он коҳиш дод», – омадааст дар маълумоти ширкат.

Гуфта мешавад, чӣ тавре ки қайд карда шуда буд, ин иқдоми яккарата набуд ва имрӯз ширкат боз тасмим гирифт, ки нархи чаканаи гази моеъро аз 2,50 сомони то ба 1,90 коҳиш диҳад.    

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.