Боздошти тоҷики гумонбар ба терроризм дар Қундуз



Дар музофоати Қундузи Афғонистон як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ҳамлаҳои террористӣ дар ин кишвар иштирок карданӣ будааст, боздошт шуд.

Хабаргузории «Хома» бо истинод ба маълумоти кормандони шуъбаи мубориза бо ҷинояткории муташаккили Вазорати умури дохилии Афғонистон дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки шаҳрванди Тоҷикистон Шероз Умаров чанде қабл аз Покистон барои содир намудани амалҳои террористӣ ба Афғонистон омадааст.

Бино ба маълумоти ВКД Афғонистон, Шероз Умаров муддати 4 моҳ дар Вазиристон (музофоти шимолии Покистон) омодагии ҳарбӣ гирифта, ҷиҳати анҷоми амалҳои тахрибкориву террористӣ ба музофоти Қундуз сафарбар мегардад, аммо аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳабс гирифта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, ин далели нахусти боздошти тоҷикистониён дар хориҷи кишвар барои амалҳои террористӣ нест. Чанд рӯз қабл вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар ин робита изҳор намуд, ки танҳо дар даргириҳои Сурия беш аз 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур доранд.

Тибқи маълумоти васоити ахбори умуми Афғонистон, айни замон ҳудуди 30 нафар тоҷикон дар амалҳои террористӣ дар музофоти Қундузи ин кишвар иштирок доранд.

spot_imgspot_img

Популярное