Фардо беҳтар мешавад! Газетаи «Азия-Плюс» 15-сола шуд

Вақте соли 2000 мо ба нашри рӯзномаи худ оғоз намудем, тамоман ба барори кор эътимод надоштем. Чаро? Чунки мо ҳақиқатан ҳам намедонистем, ки ин кор чӣ гуна сурат мегирад, яъне газета чӣ гуна таҳияву корбаст ва нашр гардида, хонанда аз мо маҳз чиро интизор аст. Ғайр аз ин, дар бозори нашрия аллакай газетаҳои муваффақе рӯйи […]

Умед БОБОХОНОВ, сардабир


Вақте соли 2000 мо ба нашри рӯзномаи худ оғоз намудем, тамоман ба барори кор эътимод надоштем. Чаро? Чунки мо ҳақиқатан ҳам намедонистем, ки ин кор чӣ гуна сурат мегирад, яъне газета чӣ гуна таҳияву корбаст ва нашр гардида, хонанда аз мо маҳз чиро интизор аст. Ғайр аз ин, дар бозори нашрия аллакай газетаҳои муваффақе рӯйи кор омада буданд, ки мо гумон доштем 


кайҳо 


миёни худ ҳамаи хонандагонро тақсим кардаанд. 


Сарфи назар аз ин, мо тасмим гирифтем, ки як месанҷем ва кори мо барор гирифт. Мо хонандагони худ, хеле зиёд хонандагон пайдо кардем! Аллакай баъди чанд сол Вазорати фарҳанг моро «беҳтарин газетаи хабарҳои фаврӣ» номида, теъдоди нашри газетаи «Азия-Плюс» миёни рӯзномаҳои сиёсии Тоҷикистон аз ҳама бештар шуд. Ин ҳам дар ҳоле буд, ки бинобар сабабҳои объективӣ шумори хонандагони русзабон торафт камтар мешуд. Дар минтақаи интернетии TJ агентии иттилоотии мо  – ASIA-Plus бешубҳа яке аз пешсафон аст, ки имсол 20-солагии таъсисёбиашро ҷашн мегирем. Аз торнамои мо – 


www.news.tj




 ҳамарӯза 18-20 ҳазор нафар ва баъзе рӯзҳо то 40 ҳазор нафар (!) корбарони Интернет истифода мекунанд, ки ин ҳам як рекорди мутлақ дар Тоҷикистон аст.

Тӯли ин солҳо мо бо кишварамон марҳилаҳои гуногуни умеду рӯҳафтодагӣ, комёбиву нобарорӣ, дастовардҳои ҷолиб ва нокомиҳои ғамангезро паси сар кардем. Мо кӯшиш кардем, ки ҳамеша паҳлӯи мардуми оддӣ бошем, мушкилоту ташвиш, андеша, орзуву омол, хоҳиши кадом тағйирот дар кишвари мо будани онҳоро ба қалам диҳем. Табиист, ки маводи танқидии мо алайҳи ришвахӯрон, судҳои беадолат, шиканҷа дар зиндонҳо, нодонӣ ва зархаридии мансабдорон аксуламал ба бор меоварданд. Моро таҳти фишор қарор доданд, таҳдид намуданд ва нисбати мо ба суд шикоят бурданд. «Барои паст задани шаъну эътибор» аз мо пардохти ҷаримаҳои гӯшношунид талаб карданд ва ин баъзан аз ҷониби афроде сурат мегирифт, ки ҳамон «шаъну эътибор»-ро аллакай кайҳо фурӯхта буданд…

Мо истодагарӣ карда, ба корамон идома медиҳем. Вақте журналистони ҷавон аз ман сирри комёбии «Азия-Плюс»-ро мепурсанд, ман посух медиҳам, ки он хеле оддӣ аст: бо хонандаи худ бовиҷдону софдил буда, барои ӯ заҳмат мебояд кашид. Хонанда ҳамаро дарҳол эҳсос мекунад, ки оё метавон ба ту бовар кард? Ин эътимод арзишмандтарин чизест, ки мо бо худ дорем, он калиди фатҳи қуллаҳои комёбӣ барои ҳама гуна газетаву ВАО аст. Ин эътимоди хонандагони мо буда, минбаъд низ талош хоҳем варзид, ки ба ин бовар сазовор бошем.

Ба ҳамаи он касоне, ки тӯли ин солҳо ҳамроҳи мо буданду ба мо бовар доштанд ва минбаъд низ бо мо мемонанд, самимона миннатдорӣ изҳор мекунем! Бигзор шиори дар оғози фаъолияти мо интихобшуда – «Фардо беҳтар мешавад!» ҳамеша рӯзмарра боқӣ монад!

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.