Нахуствазир ва Рустами Эмомалӣ ба гумрукчиён калиди манзилҳои навро тақдим карданд

Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Рустами Эмомалӣ имрӯз дар маросими ба истифода додани бинои манзили зист барои кормандони хадамоти гумрук ба муносибати иди касбии Рӯзи кормандони хадамоти гумрук, ки ҳамасола санаи 22 январ ҷашн гирифта мешавад, ширкат варзиданд. Манзили зисти нуҳошёна муддати ҳафт моҳ бунёд гардида, дар кӯчаи Шамсии […]

Аваз Юлдошев



Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Рустами Эмомалӣ имрӯз дар маросими ба истифода додани бинои манзили зист барои кормандони хадамоти гумрук ба муносибати иди касбии Рӯзи кормандони хадамоти гумрук, ки ҳамасола санаи 22 январ ҷашн гирифта мешавад, ширкат варзиданд.

Манзили зисти нуҳошёна муддати ҳафт моҳ бунёд гардида, дар кӯчаи Шамсии пойтахт воқеъ аст.

Сармушовири хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки 56 нафар кормандони хадамоти гумрук аз дастони нахуствазир ва сардори Хадамоти гумруки кишвар калидҳои манзили зисташонро соҳиб шуданд.

«Зимни суханронӣ дар ин маросим нахуствазир кормандони хадамоти гумрукро бо иди касбиашон табрику таҳният гуфта, онҳоро ба хизмати содиқона ба ватан даъват намуд», – қайд кард Муҳиддинов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Русия ҳудуди 6 ҳазор муҳоҷирро аз қаламраваш ихроҷ мекунад

Онҳо пас аз рейдҳои мақомоти Русия аз ин кишвар ронда мешаванд.

Гарду ғубор дар Тоҷикистон. Вазорати тандурустӣ гуфт, чӣ гуна худро аз хокбориш ҳифз кард

Ҳавои ғуборолуд дар кишвар солҳои охир ба як ҳолати маъмулӣ табдил ёфтааст.

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.