Вазорати энергетика далели интиқоли барқ ба Афғонистонро рад мекунад

Зимни нишасти хабарӣ вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонзода изҳор намуд, ки Тоҷикистон танҳо дар мавсими тобистон, замони барзиёд мавҷуд будани нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ, онро ба хориҷи кишвар интиқол медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, дар давраи тирамоҳу зимистон (моҳҳои октябр-май) бо мақсади нигаҳдории низом (хатҳои интиқоли барқ, зеристгоҳҳо ва ғайра) хатҳои интиқоли барқ […]

Пайрав Чоршанбиев



Зимни нишасти хабарӣ вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонзода изҳор намуд, ки Тоҷикистон танҳо дар мавсими тобистон, замони барзиёд мавҷуд будани нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ, онро ба хориҷи кишвар интиқол медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, дар давраи тирамоҳу зимистон (моҳҳои октябр-май) бо мақсади нигаҳдории низом (хатҳои интиқоли барқ, зеристгоҳҳо ва ғайра) хатҳои интиқоли барқ ба самти Афғонистон таҳти як шиддати муайяни ҷараёни барқ гузошта мешаванд.

Вазир қайд кард, ки Афғонистон дархост кардааст, ки интиқоли барқ ба ин кишвар дар давраи тирамоҳу зимистон низ боздошта нашавад. «Вале мо ин дархости онҳоро рад карда, шарҳ додем, ки дар ин давра мо худамон ба камбуди барқ дучор мешавем. Ҳамин тариқ, айни замон Афғонистон аз дигар кишварҳои ҳамсоя нерӯи барқ дастрас мекунад», – иброз дошт ӯ.

Дар маҷмӯъ, зикр кард Усмонзода, соли гузашта аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар 1 млрд. 321 млн. кВт/соат нерӯи барқ содирот карда шудааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2013 ба миқдори 365,5 млн. кВт/соат ё худ 37,1% бештар аст. «Тақрибан 1 млрд. кВтсоат нерӯи барқи содиротшуда ба мавсими тобистон рост меояд», – таъкид дошт вазир.

Дар ҳамин ҳол, вазир ҳамчунин изҳор кард, ки айни замон ҳамаи шаҳрҳои нисбатан бузурги кишвар бо нерӯи барқ таъмин карда мешаванд. «Аҳолии кишвар ҳамарӯза ба ҳисоби миёна 10-12 соат бо нерӯи барқ таъмин мегардад», -гуфт Усмонзода.

Зимнан таъкид гардид, ки зимистони имсол камбуди нерӯи барқ дар кишвар то 2 млрд. кВт/соат коҳиш ёфтааст. «Соли гузашта иқтидори нерӯгоҳҳои оби барқии Тоҷикистон ба миқдори 210 МВт афзуд, ки ба истеҳсоли 4 млн. кВт/соат нерӯи барқи иловагӣ дар як шабонарӯз баробар аст», – афзуд вазир.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.