Имкони таҳрими интихоботи парлумонӣ аз ҷониби ҲСДТ

Шӯрои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) дар бораи муваққатан даст кашидан аз иштирок дар интихобот ба парлумон тасмим гирифт. Раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин қарор дар робита ба содир шудани ҳукми ғайримунсифона нисбати муовини раиси ҳизб адвокат Шуҳрат Қудратов ва ҳамчунин бинобар сабаби афзоиши фишор ва монеъагузориҳо […]

Аваз Юлдошев



Шӯрои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) дар бораи муваққатан даст кашидан аз иштирок дар интихобот ба парлумон тасмим гирифт.

Раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин қарор дар робита ба содир шудани ҳукми ғайримунсифона нисбати муовини раиси ҳизб адвокат Шуҳрат Қудратов ва ҳамчунин бинобар сабаби афзоиши фишор ва монеъагузориҳо ба ҲСДТ аз ҷониби ҳукуматдорон қабул шудааст.

«Агар мушкилоти дар боло зикргардида ҳал нашаванд, анҷумани фавқулодаи ҳизб даъват шуда, дар он масъалаи эълони таҳрим ба интихобот аз ҷониби ҳизби мо баррасӣ мешавад», – таъкид дошт Зойиров.

Зимнан зикр гардид, ки мутобиқи оинномаи ҲСДТ, анҷумани фавқулодаи ҳизб дар ҳама гуна вақти шабонарӯз даъват шуда метавонад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.