Дарёфти сармоягузорон баҳри амалисозии қисмати тоҷикистонии лоиҳаи CASA-1000

Барои маблағгузорӣ ба амалисозии қисмати Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100) дар қаламрави кишвар, мақомоти Тоҷикистон сармоягузоронро дарёфт намуданд. Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки созмонҳои байнулмилалии молиявӣ, ки ба сармоягузории ин қисмати лоиҳа розианд, муайн шуданд ва […]

Пайрав Чоршанбиев



Барои маблағгузорӣ ба амалисозии қисмати Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100) дар қаламрави кишвар, мақомоти Тоҷикистон сармоягузоронро дарёфт намуданд.

Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки созмонҳои байнулмилалии молиявӣ, ки ба сармоягузории ин қисмати лоиҳа розианд, муайн шуданд ва бо ин ниҳодҳо имзои созишномаҳои дахлдор зарур аст.

Вазир қайд кард, ки бо Бонки ҷаҳонӣ аллакай оид ба маблағгузорӣ дар ҳаҷми 45 млн. доллари ИМА ҷиҳати амалисозии лоиҳа дар қаламрави Тоҷикистон созишнома ба имзо расида, ҳамчунин Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР), Бонки исломии рушд ва Бунёди рушди Кувайт низ ба ҷудо кардани маблағ ба Тоҷикистон баҳри татбиқи ин лоиҳа омодаанд.

Ба қавли Усмонзода, рӯзҳои наздик дар Душанбе бо намояндагони БАТР вохӯрӣ доир мегардад, ки дар он масъалаи аз ҷониби ин ниҳоди молиявӣ ҷудо гардидани 65 млн. доллари ИМА барои амалисозии қисмати тоҷикистонии лоиҳаи CASA-1000 баррасӣ мешавад. «Амалисозии лоиҳа ҳамчунин дар ҳаҷми начандон зиёд аз ҳисоби воситахои ҳукумати ИМА ва Тоҷикистон низ маблағгузорӣ мешавад», – қайд кард ӯ.

Вазир изҳори итминон кард, ки давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ масъалаи маблағгузории лоиҳаи мазкур пурра ҳаллу фасл мешавад. «Дар доираи вохӯрӣ дар Истамбул моҳи декабри соли гузашта кишварҳои иштирокчии лоиҳаи CASA-1000 ба мувофиқа расида буданд, ки ин масъала то аввали моҳи апрели соли равон ҳал мешавад», – афзуд Усмонзода.

Қобили зикр аст, ки нимаи аввали соли равон интихоби паймонкори кулл барои амалисозии лоиҳа дар назар буда, оғози бевоситаи корҳои амалисозии он моҳи июни соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.   

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи декабри соли равон мақомоти дахлдори Тоҷикистону Қирғизистон ва Афғонистону Покистон 

дар Истамбул созишнома

дар бораи амалисозии Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100)-ро ба имзо расониданд.

Ҳамчунин ахири соли гузашта хабаргузориҳои Покистон иттилоъ дода буданд, ки пас аз мавриди истифода қарор гирифтани хатти интиқоли баландшиддати барқи минтақавӣ CASA-1000, Покистон ният дорад, ки

имкони дубора содироти

барқи Тоҷикистон ба кишварҳои дигарро баррасӣ намояд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.