Даъвати созмонҳои мустақил ба эҳтироми озодии баён дар маъракаи интихобот

Тоҷикистон ба гузарондани интихоботи Маҷлиси намояндагон (палатаи поёнии парлумон)-и Маҷлиси Олӣ, ки рӯзи 1 марти соли 2015 барпо мегардад, омодагӣ мебинад. Дар ин робита созмонҳои мустақили  Артикл 19, АМВАОМТ (Анҷумани миллии ВАО мустақили Тоҷикистон), «Одил Соз» (Фонди байналмилалии ҳимоияи озодии сухан «Одил соз», Қазоқистон) ва ИМП (Пажуҳишгоҳи сиёсати расонаҳо, Қирғизистон) Ҳукумати Тоҷикистон, Комиссияи Марказии интихобот, […]

ASIA-Plus



Тоҷикистон ба гузарондани интихоботи Маҷлиси намояндагон (палатаи поёнии парлумон)-и Маҷлиси Олӣ, ки рӯзи 1 марти соли 2015 барпо мегардад, омодагӣ мебинад.

Дар ин робита созмонҳои мустақили  Артикл 19, АМВАОМТ (Анҷумани миллии ВАО мустақили Тоҷикистон), «Одил Соз» (Фонди байналмилалии ҳимоияи озодии сухан «Одил соз», Қазоқистон) ва ИМП (Пажуҳишгоҳи сиёсати расонаҳо, Қирғизистон) Ҳукумати Тоҷикистон, Комиссияи Марказии интихобот, ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба депутатии Маҷлиси намояндагон (палатаи поёнии парлумон)-ро даъват намуданд, ки ҳуқуқ ба озодии баёни андешаҳоро дар арафа ва замони барпошавии интихобот эҳтиром ва ҳимоя кунанд.

Дар

муроҷиати ин созмонҳо

зикр мегардад, ки «мо инчунин ҳамаи тарафҳои ширкаткунандаи интихобот дар Тоҷикистонро даъват менамоем, ки нақшашонро дар мусоидат намудан ба озодии баёни андешаҳо ва мубоҳисаҳои конструктивӣ эътироф намуда, дарк намоянд, ки амалҳо ва изҳороти онҳо ба дигарон таъсир мегузоранд; ин ҳолат барои он муҳим аст, ки ҷомеае бунёд гардад, ки дар заминаи эҳтироми ҳамдигарӣ ва баробарии ҳама асос ёфтааст».

«Мо аз Ҳукумати Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва референдумҳо, ВАО, ҳизбҳои сиёсӣ, номзадҳо ба депутати Маҷлиси намояндагони (палатаи поёнии парлумон) Тоҷикистон даъват менамоем, ки уҳдадориҳо оид ба дастгирии арзишҳои демократӣ, эҳтиром ва эътирофи ҳуқуқи ҳар нафар инсон барои ширкат дар идоракунии давлат; намоиш додани таҳаммулпазирии сифр ба ҳар навъ дискриминатсия;  даст кашидан аз барангезии тафриқаи байналмилалӣ, маҳаллӣ ва динӣ, истифода набурдани забони бадбинӣ бар зидди гурўҳҳои маргиналӣ дар тамоми мубоҳисаҳои сиёсӣ, инчунин муқаррар намудани тадбирҳо барои пешгирӣ намудани чунин суханронӣ ва ниҳоят, ҳиссагузорӣ намудан барои ҳимояи ҳуқуқҳои башар, аз он ҷумла озодии баёни андешаҳо, озодии эътиқод ва ҳимоя аз дискриминатсия, инчунин ба дастгирии уҳдадориҳои миллӣ ва байналмилалии Тоҷикистон оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои башарро ба зимма гиранд», – баён мегардад дар муроҷиатнома.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...