Масъулияти бештар дар риоя накардани талаботи қонун дар бораи масъулияти волидайн

Бо пешниҳоди ҳукумати ҷумҳурӣ рӯзи 28-уми январ палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба Кодекси ҷиноии ҶТ тағийроту илова ворид намуд, ки мутобиқи он масъулияти шаҳрвандон барои риоя накардани талаботи қонун «Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд» бештар мешавад. Муовини раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони парлумон Насрулло Маҳмудов ба «Азия-Плюс» дар […]

Аваз Юлдошев



Бо пешниҳоди ҳукумати ҷумҳурӣ рӯзи 28-уми январ палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба Кодекси ҷиноии ҶТ тағийроту илова ворид намуд, ки мутобиқи он масъулияти шаҳрвандон барои риоя накардани талаботи қонун «Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд» бештар мешавад.

Муовини раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони парлумон Насрулло Маҳмудов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба моддаи 174-и КҶ ҶТ – «Иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба тарбияи ноболиғ» тағийрот ворид гардида, акнун номи модда ба «Иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба тарбия ва таълим (таҳсил)-и ноболиғ» иваз карда шуд.

Ба гуфтаи ӯ, акнун падару модароне, ки барои ба мактаб рафтани фарзандонашон монеъа эҷод мекунанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда мешаванд. «Ғайр аз ин, барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур дар ҳаҷми аз 8 ҳазор то 20 ҳазор сомонӣ ҷаримаҳо пешбинӣ шудаанд», – қайд кард Маҳмудов.

Зимнан зикр гардид, ки ба ҷуз ҷариманбандӣ, дар моддаи мазкур ҳамчунин ҷазои маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати то 2 сол ё маҳрум кардан аз озодӣ ба ҳамин муҳлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғол кардани вазифаи муайян ва машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати 3 сол ё бидуни он низ пешбинӣ гардидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршиносон мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер