Нигаронии IBAHRI аз ҳукм нисбати адвокат Қудратов

Пажуҳишгоҳи ҳуқуқи инсони Ассотсиатсияи байнулмилалии ҳуқуқшиносон (IBAHRI) дар робита ба ҳукми содиршуда нисбати адвокати тоҷик  Шуҳрат Қудратов нигаронӣ изҳор намуд. Хелена Кеннеди, ҳамраиси IBAHRI бар ин назар аст, ки боздошту ҳабс, мурофиаи судӣ ва минбаъд содир шудани ҳукм нисбати Қудратов ба фаъолияти касбии ӯ, аз ҷумла ба ҳимояташ аз манфиатҳои соҳибкор Зайд Саидов марбут аст. […]

Пайрав Чоршанбиев



Пажуҳишгоҳи ҳуқуқи инсони Ассотсиатсияи байнулмилалии ҳуқуқшиносон (IBAHRI) дар робита ба ҳукми содиршуда нисбати адвокати тоҷик  Шуҳрат Қудратов

нигаронӣ изҳор намуд.


Хелена Кеннеди, ҳамраиси IBAHRI бар ин назар аст, ки боздошту ҳабс, мурофиаи судӣ ва минбаъд содир шудани ҳукм нисбати Қудратов ба фаъолияти касбии ӯ, аз ҷумла ба ҳимояташ аз манфиатҳои соҳибкор Зайд Саидов марбут аст.

«Чунин амал ба усулҳои асосии СММ дар бораи нақши адвокатҳо мухолиф аст,ки дар он гуфта мешавад, «ҳукуматҳо бояд ба адвокатҳои имконотеро таъмин кунанд, ки онҳо бидуни тарсу ҳарос, монеъагузорӣ, ташвиш ва дахолати бемавқеъ уҳдадориҳои касбии худро ба иҷро расонанд» ва «ба адвокатҳо набояд ҳамсон ба мизоҷони онҳо ва парвандаҳои марбут ба иҷрои уҳдадориҳои касбии онҳо баҳо дода шавад», – қайд кардааст Х.Кеннеди.

Хелен Кеннеди хамчунин изхор намудааст, ки «таъмини мустақилияти касби ҳуқуқшиносӣ асоси волоияти қонун буда, ҳамчун усул дар сатҳи баландтарини байнулмилалӣ дарҷ ёфтааст ва бояд дастгирӣ шавад».

Дар маълумоти IBAHRI зикр мегардад, ки Суди олии Тоҷикистон санаи 23 феврал бояд шикояти апеллятсионии Шуҳрат Қудратовро қабул кунад. «Дар ин робита IBAHRI аз суди Тоҷикистон даъват мекунад, ки меъёрҳои байнулмилалии адолати судиро ба инобат бигирад», – омадааст дар маълумот.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.