Як гурӯҳ сокинони кӯчаи ба номи Ҷ.Зокири шаҳри Хуҷанд ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҳолати садамавӣ ва ҷамъшавии об дар мавсими бориш ба раиси шаҳри Хуҷанд муроҷиат намуданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, б
о мақсади ҳалли ин мушкилот ва шиносоӣ бо ҳолати воқеии муаммои ҷойдошта раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳии мутасаддиёни идораҳои ободонӣ, роҳсозӣ, сохтмон, раисони маҳаллаҳо ба кӯчаи мазкур омад.
Кӯчаи мазкур аз буриши кӯчаи ба номи Фирдавсӣ оғоз ёфта то буриши кӯчаи ба номи К. Хуҷандӣ тӯл мекашад. Масофаи кӯча зиёда аз як километрро ташкил дода, барои сокинон ва муҳассилини колеҷи тиббӣ роҳи асосии пиёдагардӣ маҳсуб меёбад. Давоми 20 соли охир мардуми атрофии маҳалла ва пиёдагардон аз ноҳамвории роҳ ва ҷамъшавии зиёди об баъди бориши борон ва барф, ки барои роҳгардӣ имкон намедиҳад азият мекашанд.
Раҷаббой Аҳмадзода баъди шунидани пешниҳоди мутахассисон дастур дод, ки бояд ин муаммо пурра ҳалли худро ёбад.
Дар ҳамин замина раиси шаҳри Хуҷанд ба идораи роҳсозӣ ва сохтмони асосӣ супориш дод, ки давоми як ҳафта якчанд намуди лоиҳаи мукаммали азнавсозӣ ва таъмири роҳи кӯчаи ба номи Ҷ. Зокировро омода намуда, барои баррасӣ пешниҳод намоянд.



