Маоши миёна дар Ховалинг ба 1000 сомонӣ наздик мешавад

Музди меҳнати миёна дар ноҳияи кӯҳистони Ховалинги вилояти Хатлон дар соли гузашта 956,81 сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса бо соли 2013 ба андозаи 74,7 сомонӣ зиёдтар аст. Раиси ноҳияи Ховалинг Нурулло Мирзоев зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки соли гузашта қисмати даромади буҷет, ки 7 млн. 369,9 ҳазор сомонӣ муқаррар шуда буд, ба андозаи […]

Турко Дикаев



Музди меҳнати миёна дар ноҳияи кӯҳистони Ховалинги вилояти Хатлон дар соли гузашта 956,81 сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса бо соли 2013 ба андозаи 74,7 сомонӣ зиёдтар аст.

Раиси ноҳияи Ховалинг Нурулло Мирзоев зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки соли гузашта қисмати даромади буҷет, ки 7 млн. 369,9 ҳазор сомонӣ муқаррар шуда буд, ба андозаи 18,8% барзиёд иҷро гардид. «Ин маблағҳо ба соҳаҳои маориф (227 ҳазор сомонӣ), тандурустӣ (37,4 ҳазор сомонӣ), фарҳанг (177 ҳазор сомонӣ) ва варзиш (18,4 ҳазор сомонӣ) равона гардиданд», – иброз дошт ӯ.

Бино ба иттилои раиси ноҳия, ба барзиёд иҷро шудани нақшаҳо беҳбуди заминаи андозбандӣ низ мусоидат намуда, давоми сол 300 ҷойи кори доимӣ фароҳам оварда шудааст, ки 240-то онҳо (корхонаҳои хурд) ба истеҳсоли маҳсулоти таъиноти саноатӣ ва ниёзи аввалияи мардум нигаронида шудаанд.

«Ба фонди нафақаи ноҳия аз нақша 25,6 ҳазор сомонӣ зиёдтар маблағ ҷамъоварӣ шуд, ки тайи 10 соли ахир бори нахуст дар ноҳия аст», – таъкид дошт Н.Мирзоев. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.