Ҳалли мушкили 20-солаи сокинони яке аз кӯчаҳои Хуҷанд

Як гурӯҳ сокинони кӯчаи ба номи Ҷ.Зокири шаҳри Хуҷанд ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҳолати садамавӣ ва ҷамъшавии об дар мавсими бориш ба раиси шаҳри Хуҷанд муроҷиат намуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, б о мақсади ҳалли ин мушкилот ва шиносоӣ бо ҳолати воқеии муаммои ҷойдошта раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳии мутасаддиёни […]

ASIA-Plus



Як гурӯҳ сокинони кӯчаи ба номи Ҷ.Зокири шаҳри Хуҷанд ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҳолати садамавӣ ва ҷамъшавии об дар мавсими бориш ба раиси шаҳри Хуҷанд муроҷиат намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, б

о мақсади ҳалли ин мушкилот ва шиносоӣ бо ҳолати воқеии муаммои ҷойдошта раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳии мутасаддиёни идораҳои ободонӣ, роҳсозӣ, сохтмон, раисони маҳаллаҳо ба кӯчаи мазкур омад.

Кӯчаи мазкур аз буриши кӯчаи ба номи Фирдавсӣ оғоз ёфта то буриши кӯчаи ба номи К. Хуҷандӣ тӯл мекашад. Масофаи кӯча зиёда аз як километрро ташкил дода, барои сокинон ва муҳассилини колеҷи тиббӣ роҳи асосии пиёдагардӣ маҳсуб меёбад. Давоми 20 соли охир мардуми атрофии маҳалла ва пиёдагардон аз ноҳамвории роҳ ва ҷамъшавии зиёди об баъди бориши борон ва барф, ки барои роҳгардӣ имкон намедиҳад азият мекашанд.

Раҷаббой Аҳмадзода баъди шунидани пешниҳоди мутахассисон дастур дод, ки бояд ин муаммо пурра ҳалли худро ёбад.

Дар ҳамин замина раиси шаҳри Хуҷанд ба идораи роҳсозӣ ва сохтмони асосӣ супориш дод, ки давоми як ҳафта якчанд намуди лоиҳаи мукаммали азнавсозӣ ва таъмири роҳи кӯчаи ба номи Ҷ. Зокировро омода намуда, барои баррасӣ пешниҳод намоянд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.