Прокуратураи генералӣ: То озодии Ёқуб Салимов қариб як сол муҳлат боқӣ монд

Зимни нишасти хабарӣ дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба рӯзноманигорон иттилоъ дода шуд, ки бо назардошти мавриди амал қарор додани қонуни афв, то ба озодӣ баромадани собиқ вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Ёқуб Салимов аз маҳбас қариб як соли дигар боқӣ мондааст. Ёдрас мекунем, ки 24 апрели соли 2005 Ёқуб Салимов ба 15 соли зиндони низомаш шадид […]

Аваз Юлдошев



Зимни нишасти хабарӣ дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба рӯзноманигорон иттилоъ дода шуд, ки бо назардошти мавриди амал қарор додани қонуни афв, то ба озодӣ баромадани собиқ вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Ёқуб Салимов аз маҳбас қариб як соли дигар боқӣ мондааст.

Ёдрас мекунем, ки 24 апрели соли 2005 Ёқуб Салимов ба 15 соли зиндони низомаш шадид маҳкум карда шуд. Суди олӣ ӯро дар хиёнат ба ватан дар шакли забоняккунӣ бо мақсади ғасби ҳокимият, бандитизм, суистифода аз ваколати мансабӣ гунаҳкор эътироф намуд. Бо қарори суд ӯ аз ҳамаи рутбаҳои низомӣ ва мукофотҳои давлатӣ маҳрум карда шуд.

Дар Прокуратураи генералӣ қайд карданд, ки меъёрҳои қонуни Тоҷикистон «Дар бораи афв», ки ахири моҳи октябри соли гузашта қабул шуда буд, нисбати 12 ҳазору 77 нафар мавриди амал қарор гирифтаанд, ки 377 нафарашон занон мебошанд.

«Дар давоми ду моҳ 105 нафар аз афроди мавриди афв қароргиртфа боз барои содир намудани ҷиноятҳои нав ба маҳбасҳо баргаштанд», – гуфтанд дар Прокуратураи генералӣ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.