Баррасии дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон дар Бундестаг

Рӯзи 29 январи соли 2015 дар пешманзари баргузории интихоботҳои парлумонӣ дар бинои Бундестаги Олмон мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов бо раиси Гурӯҳи парлумонии Олмону Осиёи Марказӣ Манфред Грунд ва аъзоёни ин гурӯҳ баргузор гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни сӯҳбат бештар дар атрофи масъалаҳои тақвияти робитаҳои байнипарлумонӣ, зарурати рушди ҳамкориҳои […]

ASIA-Plus



Рӯзи 29 январи соли 2015 дар пешманзари баргузории интихоботҳои парлумонӣ дар бинои Бундестаги Олмон мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов бо раиси Гурӯҳи парлумонии Олмону Осиёи Марказӣ Манфред Грунд ва аъзоёни ин гурӯҳ баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни сӯҳбат бештар дар атрофи масъалаҳои тақвияти робитаҳои байнипарлумонӣ, зарурати рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон баъди хурӯҷи Қувваҳои эътилоф аз Афғонистон, табодули таҷриба ва омӯзиши мутахассисон табодули назар сурат гирифтанд.

Гуфта мешавад, Манферд Грунд изҳор доштааст, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои сарватҳои кашфношуда бо назардошти мавқеи ҷуғрофии худ, инчунин нақшаҳои Ҳукумати кишвар дар самти беҳтарсозии инфрасохторҳои байналмилалӣ имконоти хуб барои ҳамкориҳо бо кишварҳои Аврупоро дорад.

Зимнан зикр мегардад, ки баргузор гардидани сӯҳбату мулоқотҳои судманд дар тӯли соли ҷорӣ, ҳамчунин сафарҳои мутақобилаи кории гурӯҳи байнипарлумонии Олмон ва Осиёи Марказӣ дар соли 2016  ба нақша гирифта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.