Мусофирони «Тоҷик Эйр» зимни ҳолати фавқулода суғуртаи худро гирифта наметавонанд

Директори генералии КВД «Тоҷиксуғурта» Аловиддин Сатторов зимни нишасти хабарӣ аз журналистон дархост намуд, ки ба маълумоти мардум расонанд, ки агар зимни истифода аз хизматгузориҳои ширкати «Тоҷик Эйр» ҳолати фавқулодае рух диҳад, мусофирони он суғурта (бима)-и худро гирифта наметавонанд. Ба гуфтаи ӯ, ширкати ҳавопаймоии давлатии «Тоҷик Эйр» аз маблағи фурӯши полисхои суғуртавӣ ба мусофирон аз «Тоҷиксуғурта» […]

Мавзуна Абдуллоева



Директори генералии КВД «Тоҷиксуғурта» Аловиддин Сатторов зимни нишасти хабарӣ аз журналистон дархост намуд, ки ба маълумоти мардум расонанд, ки агар зимни истифода аз хизматгузориҳои ширкати «Тоҷик Эйр» ҳолати фавқулодае рух диҳад, мусофирони он суғурта (бима)-и худро гирифта наметавонанд.

Ба гуфтаи ӯ, ширкати ҳавопаймоии давлатии «Тоҷик Эйр» аз маблағи фурӯши полисхои суғуртавӣ ба мусофирон аз «Тоҷиксуғурта» 25 млн. сомонӣ қарздор аст ва аз ин маблағи қарз 17 млн. сомониаш бояд ба буҷети давлатӣ пардохт шавад.

Зикр гардид, ки соли гузашта бинобар сабаби вазъи ноустувор дар ширкати ҳавопаймоӣ давлат қарзҳои «Тоҷик Эйр» назди корхонаро аз эътибор соқит намуд. «Тибқи қарори ҳукумат ин ширкат зимни фурӯши билетҳо ба мусофирон дар ҳаҷми 2% аз арзиши он полиси суғуртавӣ меситонад. Ин қарор то ҳол амал мекунад, вале маълум нест, ки ин маблағҳо куҷо мераванд, зеро онҳо ба суратҳисоби мо гузаронида намешаванд. Мегӯянд, ки қарори мазкур мухолифи Кодекси гражданӣ ва авиатсионӣ аст, вале ман огаҳам, ки раҳбарияти «Тоҷик Эйр» бекор кардани ин қарорро пешниҳод кардааст, то ки ба ситонидаи маблағҳои полиси суғуртавӣ аз мусофирон хотима дода шавад», – гуфт Сатторов.

Дар робита ба аз ҷониби кӣ пардохт шудани маблағи суғурта ба мусофирон зимни ҳолатҳои ғайриинтизор сардори департаменти авиатсияи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон Анвар Нуров ба «Азия-Плюс» изҳор кард, ки минбаъд ширкати «Тоҷик Эйр», ки 2% аз ҳаҷми маблағи полиси суғуртавиро аз мусофирон меситонад, ин маблағро ба ихтиёри «Тоҷиксуғурта» месупорад ва ҳангоми ба вуқӯъ пайвастани ҳолатҳои фавқулода мусофирон аз «Тоҷиксуғурта» маблаги суғуртавии худро дастрас карда метавонанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.