Ю.Раҳмонов: Кӯшиш мекунам, ки дар кор ба камбудӣ роҳ надиҳам

Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмонов, ки санаи 24-уми январ бо фармони президент ба ин мансаб таъин шуд, зимни нишасти хабарӣ ба журналистон изхор намуд, ки кӯшиш мекунад ба боварии сарвари давлат сазовор гашта, дар кор ба камбудӣ роҳ надиҳад. Дар посух ба саволи рӯзноманигорон оид ба истеъфо рафтани собиқ прокурори генералӣ Шерхон Салимзода, сармушовири дастгоҳи […]

Аваз Юлдошев



Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмонов, ки санаи 24-уми январ бо фармони президент ба ин мансаб таъин шуд, зимни нишасти хабарӣ ба журналистон изхор намуд, ки кӯшиш мекунад ба боварии сарвари давлат сазовор гашта, дар кор ба камбудӣ роҳ надиҳад.

Дар посух ба саволи рӯзноманигорон оид ба истеъфо рафтани собиқ прокурори генералӣ Шерхон Салимзода, сармушовири дастгоҳи ёвари президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ Хурсандмурод Мирзоев зикр кард, ки «ба муҳлати дигар дароз нашудани ваколатҳои прокурори генералӣ ва аз мансаб барканор шудани ӯ салоҳияти президент аст».

Прокурори генералии нави Тоҷикистон дар посух ба саволҳои журналистон қайд кард, ки айни замон аз рӯи далелҳои таъини нафақаҳои ғайриқонунӣ ва ба маблағҳои хеле зиёд барои маъюбӣ ба мансабдорони давлатии мақомоти прокуратура санҷиш гузаронида мешавад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.