Роҳбари созмони «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» дар Душанбе қарор дорад

– Роҳбари созмони «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» Мақсуд Иброҳимов ба ҳабс гирифта шуда, дар яке аз тавқифгоҳҳои муваққатии шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешавад, – гуфт зимни нишасти хабарӣ сардори Раёсати назорати қонуният дар мақомоти ВКД ва АНМН-и Прокуратураи генералии Тоҷикистон Ризо Халифазода. Ба гуфтаи ӯ, нисбати боздоштшуда мутобиқи якчанд моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз […]

Аваз Юлдошев



– Роҳбари созмони «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» Мақсуд Иброҳимов ба ҳабс гирифта шуда, дар яке аз тавқифгоҳҳои муваққатии шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешавад, – гуфт зимни нишасти хабарӣ сардори Раёсати назорати қонуният дар мақомоти ВКД ва АНМН-и Прокуратураи генералии Тоҷикистон Ризо Халифазода.

Ба гуфтаи ӯ, нисбати боздоштшуда мутобиқи якчанд моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, парвандаи мазкурро муфаттишони ВКД Тоҷикистон тафтиш мекунанд.

Дар Прокуратураи генералӣ қайд карданд, ки айни замон нисбати 32 нафар аъзои созмони «Гурӯҳи 24», ки моҳи октябри соли гузашта бо қарори Суди олӣ созмони ифротгаро эътироф шуда, фаъолияташ манъ шуда буд, 9 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар ҳамин ҳол, таъкид гардид, ки дар бораи истирдоди аъзои «Гурӯҳи 24» аз дигар кишварҳо ба Тоҷикистон Прокуратураи генералӣ маълумот дар даст надорад.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» рӯйхати

аъзои дар Русия ва Тоҷикистон боздоштшудаи

созмони «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» интишор шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.