Директори генералии КВД «Тоҷиксуғурта» Аловиддин Сатторов зимни нишасти хабарӣ аз журналистон дархост намуд, ки ба маълумоти мардум расонанд, ки агар зимни истифода аз хизматгузориҳои ширкати «Тоҷик Эйр» ҳолати фавқулодае рух диҳад, мусофирони он суғурта (бима)-и худро гирифта наметавонанд.
Ба гуфтаи ӯ, ширкати ҳавопаймоии давлатии «Тоҷик Эйр» аз маблағи фурӯши полисхои суғуртавӣ ба мусофирон аз «Тоҷиксуғурта» 25 млн. сомонӣ қарздор аст ва аз ин маблағи қарз 17 млн. сомониаш бояд ба буҷети давлатӣ пардохт шавад.
Зикр гардид, ки соли гузашта бинобар сабаби вазъи ноустувор дар ширкати ҳавопаймоӣ давлат қарзҳои «Тоҷик Эйр» назди корхонаро аз эътибор соқит намуд. «Тибқи қарори ҳукумат ин ширкат зимни фурӯши билетҳо ба мусофирон дар ҳаҷми 2% аз арзиши он полиси суғуртавӣ меситонад. Ин қарор то ҳол амал мекунад, вале маълум нест, ки ин маблағҳо куҷо мераванд, зеро онҳо ба суратҳисоби мо гузаронида намешаванд. Мегӯянд, ки қарори мазкур мухолифи Кодекси гражданӣ ва авиатсионӣ аст, вале ман огаҳам, ки раҳбарияти «Тоҷик Эйр» бекор кардани ин қарорро пешниҳод кардааст, то ки ба ситонидаи маблағҳои полиси суғуртавӣ аз мусофирон хотима дода шавад», – гуфт Сатторов.
Дар робита ба аз ҷониби кӣ пардохт шудани маблағи суғурта ба мусофирон зимни ҳолатҳои ғайриинтизор сардори департаменти авиатсияи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон Анвар Нуров ба «Азия-Плюс» изҳор кард, ки минбаъд ширкати «Тоҷик Эйр», ки 2% аз ҳаҷми маблағи полиси суғуртавиро аз мусофирон меситонад, ин маблағро ба ихтиёри «Тоҷиксуғурта» месупорад ва ҳангоми ба вуқӯъ пайвастани ҳолатҳои фавқулода мусофирон аз «Тоҷиксуғурта» маблаги суғуртавии худро дастрас карда метавонанд.



