Ю.Раҳмонов: Кӯшиш мекунам, ки дар кор ба камбудӣ роҳ надиҳам



Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмонов, ки санаи 24-уми январ бо фармони президент ба ин мансаб таъин шуд, зимни нишасти хабарӣ ба журналистон изхор намуд, ки кӯшиш мекунад ба боварии сарвари давлат сазовор гашта, дар кор ба камбудӣ роҳ надиҳад.

Дар посух ба саволи рӯзноманигорон оид ба истеъфо рафтани собиқ прокурори генералӣ Шерхон Салимзода, сармушовири дастгоҳи ёвари президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ Хурсандмурод Мирзоев зикр кард, ки «ба муҳлати дигар дароз нашудани ваколатҳои прокурори генералӣ ва аз мансаб барканор шудани ӯ салоҳияти президент аст».

Прокурори генералии нави Тоҷикистон дар посух ба саволҳои журналистон қайд кард, ки айни замон аз рӯи далелҳои таъини нафақаҳои ғайриқонунӣ ва ба маблағҳои хеле зиёд барои маъюбӣ ба мансабдорони давлатии мақомоти прокуратура санҷиш гузаронида мешавад. 

spot_imgspot_img

Популярное