Бино ба маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷират (ХФМ)-и Русия, бидуни назардошти ба Русия ворид шудани шаҳрвандони Украина, нимсолаи дуюми соли гузашта Русияро ҳадди ақал 1 млн. нафар шаҳрвандони хориҷӣ тарк карданд.
Бино ба иттилои
РБК
, дар шаш моҳи ахири соли 2014 бидуни назардошти шаҳрвандони Украина, 550 ҳазор нафар шаҳрвандони кишварҳои собиқи шӯравӣ (ба истиснои кишварҳои Назди Балтика) аз қаламрави Русия хориҷ шудаанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки нимсолаи аввали ҳамин сол ҳудуди 650 ҳазор нафар шаҳрвандон ин кишварҳо ба қаларави Русия ворид шуда буданд.
Ба иттилои манбаъ, шумори шаҳрвандони собиқ кишварҳои шӯравӣ, ки дар ин давра қаламрави Русияро тарк кардаанд, таври зайл аст: Ӯзбекистон – 364 ҳазор нафар, Тоҷикистон – 178 ҳазор нафар ва Озарбойҷон – 28 ҳазор нафар. Сокинони Молдова ва Арманистон ҳарчанд соли гузашта аз Русия хориҷ шуда бошанд ҳам, вале нисбат ба моҳи январи соли 2014 моҳи январи соли равон шумори онҳо мутаносибан 16,5 ҳазор ва 44,3 ҳазор нафар афзудааст.
Гуфта мешавад, вуруди сокинони Белорус, Қазоқистон, Гурҷистон ва Абхозистон давоми соли гузашта идома ёфтааст.
Ба гуфтаи раиси ҳаракати ҷамъиятии умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» Каромат Шарипов, тамоили қаламрави Русияро тарк кардани сокинони Тоҷикистон афзуда, шумори онҳоро ӯ 400 ҳазор арзёбӣ кардааст.



