Сафорати ИМА ба марзбонони тоҷик хаймаҳои ҳарбӣ ва воситаи нақлиёт тақдим намуд



Бахши байналмилалии назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафорати ИМА (INL) ба Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хаймаҳои ҳарбӣ ва воситаи нақлиётро ҳадия намуд.

Тавре аз сафорати ИМА дар ҶТ хабар дорданд, ин ҳадя, ки арзишаш тақрибан 100 000 доллари амрикоӣ мебошад, иқтидори техникии Қӯшунҳои сарҳадиро дар таъмини бехатарии сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд хоҳад кард.

Гуфта мешавад, ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тасмим гирифтааст, ки дастгирии сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва адлияи Тоҷикистонро идома дода, бо ҳукумати Тоҷикистон дар таъмини амнияти ҳамаи шаҳрвандони он ҳамкорӣ хоҳад кард. 

Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Тоҷикистон маблағи беш аз 1 млрд. доллари амрикоӣ ҷудо намудааст.

spot_imgspot_img

Популярное