Боздошти корманди ШВКД Конибодом бо далели шайъӣ зимни порагирӣ



Корманди Шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом зимни порагирӣ бо далели шайъӣ боздошт шуд.

Аз Раёсати Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки зимни баргузории  тадбирҳои фаврӣ ба гумони даст доштан дар порагирӣ сардори шуъбаи 2-юми ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ШВКД шаҳри Конибодом С.Ф. боздошт шудааст.

Ба иттилои манбаъ, муайян карда шудааст, ки С.Ф. зимни баррасии аризаи шаҳрванд Ш.М. нисбати афсари қисми ҳарбӣ Р.С. аз ахирӣ ба маблағи 10 ҳазор рубли русӣ ва 500 доллари ИМА пора ситонидаст. «Аз рӯи ин далел нисбати корманди ШВКД мутобиқи моддаи 319, қ. 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Аз ҷониби шахси мансабдор гирифтани пора барои ҳаракати (беҳаракатии) ғайриқонунӣ) парвнадаи ҷиноӣ боз шуд», – гуфт манбаъ.

Тибқи маълумоти Раёсати Агентии зиддифасод дар вилояти Суғд, давоми соли 2014 дар қаламрави вилоят 34 далели гирифтани пора аз ҷониби шахсони мансабдор (соли 2013 – 33 далел) ба қайд гирифта шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное