Гумонбарии мудири САҲШ ноҳияи Шоҳмансур ба порагирӣ

Рӯзи 29 январи соли 2015 шаҳрванд Қосимова О.Д. ба Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар шаҳри Душанбе нисбати мудири бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ)-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Шаҳодат Ҳайдарова ва мутахассиси бахши ҳамин муассиса Малика Мадаминова оид ба амалҳои ғайриқонуниашон бо ариза муроҷиат намудааст. Бино ба иттилои маркази матбуоти […]

ASIA-Plus



Рӯзи 29 январи соли 2015 шаҳрванд Қосимова О.Д. ба Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар шаҳри Душанбе нисбати мудири бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ)-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Шаҳодат Ҳайдарова ва мутахассиси бахши ҳамин муассиса Малика Мадаминова оид ба амалҳои ғайриқонуниашон бо ариза муроҷиат намудааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии зиддифасоди ҶТ, номбурдагон барои иваз намудани ному насаби писари шаҳрванд Қосимова, ки ному насабаш Бурҷинов Аломуддин мебошад аз ӯ маблағи 100 сомонӣ гирита, боз овардани маблағи 150 доллари амрикоиро талаб кардаанд.

«Санаи 29 январи соли 2015 зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-тафтишотӣ, Мадаминова мутахассиси бойгонидории САҲШ-и ноҳияи Шоҳмансур, ҳангоми гирифтани маблағи 100 доллари амрикоиву 280 сомонӣ аз шаҳрванд Қосимова дастгир карда шуда, далелҳои шайъӣ аз ӯ дарёфт ва мусодира шуданд», – иттилоъ медиҳад маркази матбуоти Агентӣ.

Гуфта мешавад, оид ба ҳолати мазкур санаи 29 январи соли 2015 нисбати Мадаминова М. ва Ҳайдарова Ш. А. бо моддаи 324 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (яъне гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.