Боздошти корманди ШВКД Конибодом бо далели шайъӣ зимни порагирӣ

Корманди Шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом зимни порагирӣ бо далели шайъӣ боздошт шуд. Аз Раёсати Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки зимни баргузории  тадбирҳои фаврӣ ба гумони даст доштан дар порагирӣ сардори шуъбаи 2-юми ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ШВКД шаҳри Конибодом С.Ф. боздошт шудааст. Ба иттилои манбаъ, […]

Мавлуда Рофиева



Корманди Шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом зимни порагирӣ бо далели шайъӣ боздошт шуд.

Аз Раёсати Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки зимни баргузории  тадбирҳои фаврӣ ба гумони даст доштан дар порагирӣ сардори шуъбаи 2-юми ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ШВКД шаҳри Конибодом С.Ф. боздошт шудааст.

Ба иттилои манбаъ, муайян карда шудааст, ки С.Ф. зимни баррасии аризаи шаҳрванд Ш.М. нисбати афсари қисми ҳарбӣ Р.С. аз ахирӣ ба маблағи 10 ҳазор рубли русӣ ва 500 доллари ИМА пора ситонидаст. «Аз рӯи ин далел нисбати корманди ШВКД мутобиқи моддаи 319, қ. 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Аз ҷониби шахси мансабдор гирифтани пора барои ҳаракати (беҳаракатии) ғайриқонунӣ) парвнадаи ҷиноӣ боз шуд», – гуфт манбаъ.

Тибқи маълумоти Раёсати Агентии зиддифасод дар вилояти Суғд, давоми соли 2014 дар қаламрави вилоят 34 далели гирифтани пора аз ҷониби шахсони мансабдор (соли 2013 – 33 далел) ба қайд гирифта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.