Маҳсулоти корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи нассоҷии Истанбул

Панҷ корхонаи ресандагӣ – “Ваҳдат”, “Нассоҷи Хуҷанд”, “Олим Текстайлз”, “Ортекс” ва “Тента-Кӯлоб” аз 5-ум то 8-уми феврали соли ҷорӣ дар дувоздаҳумин Намоишгоҳи байнулмилалии нассоҷии Истанбул аз Тоҷикистон намояндагӣ мекунанд. Тавре аз Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) хабар доданд, Намоишгоҳи нассоҷии Истанбул бо садҳо ширкаткунанда ва ҳазорҳо боздидкунанда яке аз бузургтарин намоишгоҳҳои соҳавӣ дар минтақа маҳсуб мегардад […]

ASIA-Plus



Панҷ корхонаи ресандагӣ – “Ваҳдат”, “Нассоҷи Хуҷанд”, “Олим Текстайлз”, “Ортекс” ва “Тента-Кӯлоб” аз 5-ум то 8-уми феврали соли ҷорӣ дар дувоздаҳумин Намоишгоҳи байнулмилалии нассоҷии Истанбул аз Тоҷикистон намояндагӣ мекунанд.

Тавре аз Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) хабар доданд, Намоишгоҳи нассоҷии Истанбул бо садҳо ширкаткунанда ва ҳазорҳо боздидкунанда яке аз бузургтарин намоишгоҳҳои соҳавӣ дар минтақа маҳсуб мегардад ва корхонаҳои Тоҷикистон барои чаҳорумин бор пайидарпай дар он иштирок мекунанд. Сафари ҳайъати Тоҷикистон ба Туркия бо мусоидати Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) ва бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон сурат мегирад.

Ширкатҳои тоҷик солҳои гузашта бо иштирок дар ин намоишгоҳ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд. Ин намоишгоҳ мизбони беш аз 40 000 боздидкунанда аз тақрибан 70 кишвари ҷаҳон хоҳад буд. Дар он ҳудуди 200 ширкат аз кишварҳои гуногун маҳсулоти худро, ба мисли нахи пахта, таҷҳизоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, матоъ, маҳсулоти нассоҷӣ, либосворӣ, ришта ва ғайраро ба маърази тамошо хоҳанд гузошт.

Саидмӯъмин Камолов, раҳбари барномаҳои Маркази тиҷорати байнулмилалӣ дар Тоҷикистон, ки ҳайъати кишварро дар намоишгоҳ роҳбаладӣ мекунад, мегӯяд: “Намоишгоҳи байнулмилалии нассоҷии Истанбул яке аз беҳтарин маконҳои дидори фурӯшандаҳои маҳсулоти нассоҷӣ ва харидорони он мебошад. Бозорҳои калидии соҳа дар дурии ҳадди аксар чаҳор-панҷ соати парвоз аз Истанбул ҷойгир шуда, ба осонӣ дастрасанд, ва аз ин рӯ, Намоишгоҳи Истанбул маркази дидори кишварҳои минтақа гардидааст. Корхонаҳои Тоҷикистон ба бозорҳои нав дар Туркия, ҳамчунин, ба бозорҳои рӯбарушд дар кишварҳои Балкан, лаби Баҳри Сиёҳ, Қафқоз, Русия, Осиёи ғарбӣ, Ховари Миёна ва Офриқои шимолӣ дастрасӣ пайдо мекунанд”.

Иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи Истанбул имкони хубест, то онҳо маҳсулоти худро дар саҳнаи байнулмилалӣ, махсусан, ба харидорони эҳтимолӣ аз Туркия ва кишварҳои дигар намоиш бидиҳанд. Аъзои ҳайъати Тоҷикистон мутмаинанд, ки иштирок дар ин намоишгоҳ имкониятҳои навро барояшон боз мекунад. Ҷамшед Абдулов, мудири кул ва соҳибмулки “Олим Текстайлз”, мегӯяд, “мо солҳои пешин низ дар ин намоишгоҳ иштирок карда будем, ки бароямон хеле ҳам муфид буд. Дар минтақа ба маҳсулоти мо ниёз ҳаст ва иштирок дар намоишгоҳи Истанбул имкони хубест, то мо бо харидорони эҳтимолӣ робитаи мустақим барқарор намоем ва ҷуғрофиёи бозори худро тавсеа бахшем. Дар намоишгоҳ иттилооти зиёди лозима доир ба таҷҳизоти замонавӣ, аз ҷумла, таҷҳизоти озмоишгоҳҳо низ хоҳем гирифт”.

Ҷиҳати рушди тавонои корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон дар самти беҳтар кардани маҳсулот ва бозорёбӣ, МТБ ба ширкатҳо дар омодагии иштирок ба намоишгоҳҳои байнулмилалӣ мусоидат менамояд. МТБ бар ин бовар аст, ки иштирок дар намоишгоҳҳои байнулмилалӣ барои корхонаҳои ҳамкори лоиҳа ҷиҳати ба намоиш гузоштани маҳсулоташон, шиносоӣ бо харидорони эҳтимолӣ ва барқарор кардани тамосҳои нави тиҷоратӣ, дарёфти маълумот доир ба бозорҳои мавҷуд ва нав, рақибон, ва талаботи бозори ҷаҳонӣ имкониятҳои фаровонро фароҳам меорад.

Лоиҳаи мазкури МТБ ҷузъе аз Бахши чаҳоруми Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон буда, таваҷҷӯҳи худро ба боло бурдани сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон равона мекунад ва барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида, ҳамчунин, ба ҷонибҳои манфиатдор дар коргирӣ аз равиши стротежӣ барои рушди соҳа ёрӣ медиҳад. Ин лоиҳа, ҳамчунин, чолишҳо ва иқтидор барои рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистонро омӯхта, самтҳои бартари ниёзманди ёриҳои фанниро, ки марбут ба соҳибкорӣ ва тиҷоратанд, муайян мекунад.

Дар бораи ёриҳои Швейтсария: Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Дурнамои Ҳамкории худ барои солҳои 2012 -2015 таваҷҷуҳи худро дар Тоҷикистон ба чаҳор соҳа: саломатӣ, авлавияти қонун, ироаи оби ошимиданӣ ва беҳдоштӣ, ва рушди бахши хусусӣ равона кардааст. Ҳадафи умумии барномаҳои ҳамкории Швейсария дар Тоҷикистон пуштибонӣ аз раванди гузариш дар кишвар ба василаи саҳмгузорӣ дар рушди иқтисод мебошад, ки барои расидан ба ин ҳадаф аз мусоидат дар бунёди сохтор ва низомҳои посухгӯи ниёзҳои мардум кор гирифта мешавад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Радабандии ҷаҳонии футзал аз ФИФА: Тоҷикистон се мавқеъ поин рафт

Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА) радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.