Президент ба оилае, ки чор тифл ба дунё овард, манзил тақдим кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ба сокини маҳаллаи Қазоқони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Гулшан Маҷнунова, ки рӯзи 4-уми феврал модари 4 тифли навзод шуд, манзили сеҳуҷрагӣ ҷудо карда шавад. Чоргоникҳо – 1 писару 3 духтар дар таваллудхонаи рақаи 3-и пойтахт чашм ба олами ҳастӣ кушоданд. Котиби матбуотии президенти Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода дар ин […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ба сокини маҳаллаи Қазоқони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Гулшан Маҷнунова, ки рӯзи 4-уми феврал модари 4 тифли навзод шуд, манзили сеҳуҷрагӣ ҷудо карда шавад. Чоргоникҳо – 1 писару 3 духтар дар таваллудхонаи рақаи 3-и пойтахт чашм ба олами ҳастӣ кушоданд.

Котиби матбуотии президенти Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзи 5-уми феврал бо супориши сарвари давлат муовини нахуствазир Марҳабо Ҷабборӣ ва раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ Махфират Хидирова ба ин таваллудхона ба аёдати модари 26-сола рафтанд.

«Онҳо ба оилаи Маҷнуновҳо қарори президент дар бораи ҷудо кардани манзили сеҳуҷрагии бо тамоми шароити зист таъминбударо супурданд, ки калиди он ба онҳо дар остонаи таҷлили ҷашни Наврӯз – 20-уми март тақдим хоҳад шуд», – гуфт Шарифзода.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.